Нишони Душанбе — намоди расмии пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе.

Нишони Душанбе
Таърихи таъсис 1997
Нигора
Кишвар
Қонунӣ барои Душанбе

Муаллифони нишон С. Қурбонов ва А. Н. Заневский мебошанд. Нишонро соли 1997 Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тасдиқ кардааст[1].

Тавсифот вироиш

Композитсияи асосии нишонро равоқҳо ташкил медиҳанд, ки дарвозаҳои шаҳр ва ҷумҳуриро таҷҷасум менамоянд.

Дар маркази равоқҳо кӯҳҳо ва тоҷ бо нимҳалқа аз 7 ситора дар шуълаҳои офтоби тулӯъкунанда ҷойгир шудаанд. Ин ҷузъиёти нишон ва парчами давлатӣ хусусияти шаҳрро ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён менамоянд. Аз тарафи рост ва чап равоқҳо бо қанотҳо иҳота карда шудаанд, аз поён бошад, бо ҷузъиёти нақшу нигори қадимаи тоҷикӣ оро дода шудаанд. Дар қисмати болоии нишон, дар болои равоқ «Душанбе» навишта шудааст.

Аз ҷониби пеш, калиди рамзии шаҳр ҷой карда шудааст, дар манзари китоби кушода — рамзи дониш, илм ва маърифат.

Композитсияи рамзӣ ба куллӣ дар чаҳоркунҷаи бо ҳадди нӯгтези поинӣ дар манзари се ранг — сурх, сафед ва сабз — тасвири рамзии парчами Тоҷикистон, ҷойгир шудааст.

Акси азими нишон аз оҳан дар намои иморати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, болои баромадгоҳи асосӣ гузошта шудааст.

Эзоҳ вироиш