Новдор якум (форсӣ: ناودار یکم‎) — дараҷае афсарёрӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз новдор дувум ва поинтар аз новбон севум дорад ва баробар бо размсоз дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст.

Новдор якум
RAF N W2-StMichm 2010–.svg
Сардӯшии новдор якум дар Нерӯи дарёии Русия
Кӯтаҳнивишт форсӣ: ناودار یکم
Кишвар  Русия
Дараҷаи болотар Новбон севум
Дараҷаи поинтар Новдор дувум
Ҳамто
Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Новдор дувум
Seal of the Islamic Republic of Iran Navy.svg
Новдор якум
Дараҷаи болотар:
Новбон севум

ВожашиносӣВироиш

«Новдор» ба маънои «киштибон» аст[1] ва аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: нов (форсӣ: ناو‎ > порсии миёна: nāv- > порсии бостон: nāvam-киштӣ[2] + -дор (< порсии миёна: *dār > порсии бостон: *dār(a)- > эронии бостон: *dārai̯a- «доштан; доранда»[3]), ки ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳдоранда»-ро мерасонад[4]. Ин пасванд дар вожасозии низомӣ аз куҳантарин замонҳо ба кор меравад. Чунончи, дар забони эронии бостон «*kāra-daranaka-» ‘дорандаи сипоҳ, сипаҳдор[3], дар паҳлавӣ: «tagm(a)dār» ва дар форсӣ: «сипаҳдор»‎ ва «лашкардор» бо ҳамин пасванд сохта шудаанд.

ПешинаВироиш

Новдор ҳамчун дараҷаи афсарёрӣ соли 1991 дар нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон ҷорӣ шуда ва ду рутба дорад[5]:

  1. новдор якум = новустувор якум;
  2. новдор дувум = новустувор дувум;

ЭзоҳВироиш

  1. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.
  2. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2700.
  3. 3.0 3.1 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-56-9. — ҷ. 2, с. 1244—1245
  4. Содиқӣ, Алиашраф. Шеваҳо ва имконоти вожасозӣ дар забони форсии муъосир (5) // «Нашри дониш», хурдод ва тири 1371, шумораи 7, сс. 39 – 45
  5. Қонуни муқаррароти истихдомии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ

ПайвандҳоВироиш