Юсуф Саидович Носиров (24 август 1932, Хуҷанд12 июл 2007, Душанбе) — зистшинос, доктори илмҳои биология, профессор, Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1990), узви пайвастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1981). Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1996) ва Ҷоизаи Институти америкоии биографӣ «Инсони соли 2000».[1]

Юсуф Носиров
Юсуф Саидович Носиров
Таърихи таваллуд 24 август 1932(1932-08-24)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 12 июл 2007(2007-07-12) (74 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ генетика, биофизика
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод
Ҷоизаҳо Ордени «Нишони Фахрӣ», Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1990), узви пайвастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1981). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино‎ (1996) ва Ҷоизаи Институти америкоии биографӣ "Инсони соли 2000"

Зиндагинома вироиш

Юсуф Носиров 24 августи соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд дар хонадони рӯшанфикри тоҷик Саид Носиров ба дунё омадааст[2].

  • 1950 — факултаи табии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинободро хатм кардааст.
  • 1950—1954 — дар аспирантураи Институти ботаникаи шаҳри Ленинград таҳсил кардааст.
  • 1954—1986 — ходими калони илмӣ, мудири шӯъба, аз соли 1964 директори Институти физиология ва биофизикаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон.
  • 1986—2000 — ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон.
  • 2001—2007 — Раиси Хазинаи сулҳ ва ваҳдати Тоҷикистон, узви Шӯрои Федератсияи сулҳ ва ваҳдат — ташкилоти ғайридавлатии байналмилалӣ бо мақоми машваратии ЭКОСОС СММ ва Шӯрои Аврупо.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Юсуф Носиров соли 1966 рисолаи докториашро дар Шӯрои дифои Институти физиологияи рустаниҳо ба номи К. А. Тимирязев АИ ИҶШС (Москва) дифоъ намудааст. Аз соли 1981 узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Бо номи ӯ ташаккули мактаби илмии биофизика ва генетикаи фотосинтезро дар Тоҷикистон вобаста мекунанд. Юсуф Носиров дар якчанд конфронсҳои байналмилалӣ ва умумииттифоқӣ ба монанди «Фотосинтез и использование солнечной энергии» (Душанбе, 1967), симпозиуми байналмилалии «Генетика фотосинтеза» (Душанбе, 1972), конгресси XIV байналмилалии «Генетика фотосинтеза и продуктивность растений» (Москва, 1978), конфронси умумииттифоқӣ «Проблемы генетики, селекции и интенсивной технологии сельскохозяйственных культур» иштирок кардааст.

Юсуф Носиров зиёда аз 350 мақолаи илмӣ-оммавӣ таълиф намуда, муаллифи 3 китоб мебошад. Таҳти роҳбарии илмии ӯ 50 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 3 нафар рисолаҳои докторӣ дифоъ намудаанд.

Аксари онҳое, ки дар соҳаи биология алҳол дар Тоҷикистон ва берун аз он кору зиндагӣ доранд, аз мактаби ӯ гузаштаанд.

Ҷоизаҳо вироиш

  • ордени «Нишони фахрӣ»
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1990)
  • Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино‎ (1996)
  • Ҷоизаи Институти америкоии биографӣ «Инсони соли 2000»[3].

Даргузашт вироиш

Юсуф Носиров 12 июли соли 2007 дар шаҳри Душанбе даргузаштааст.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш