Обидов Фозил Саидович — иқтисодчӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор. вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фозил Обидзода
Обидов Фозил Саидович
Таърихи таваллуд: 31 январ 1961(1961-01-31) (63 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ховалинг, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Унвонҳои илмӣ: профессор
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Обидов Фозил Саидович 31 январи соли 1961 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст. Миллат тоҷик. Соли 1987 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Ихтисос: иқтисодчӣ. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.[1]

  • Солҳои 1978-1979 Коргари анбори марказии совхози ноҳияи Ховалинг
  • Солҳои 1979-1981 Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ
  • Солҳои 1981-1987 Шунавандаи шуъбаи тайёрӣ, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба номиВ.И.Ленин
  • Солҳои 1987-1988 Оператор, муҳандиси МА-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин
  • Солҳои 1988-1990 Ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
  • Солҳои 1990-1993 Аспиранти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
  • Солҳои 1993-2002 Ассистент, мудири шӯъба, дотсент, и.в. мудири кафедраи фаъолияти бонкии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
  • Солҳои 2002-2008 Мудири кафедраи фаъолияти бонкии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • Солҳои 2008-2019 Декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • Аз феврали соли 2019 то соли 2020. Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]

Ҳамчунин нигаред вироиш

Сарчашма вироиш