Озмоишгоҳи зооветехнологияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Озмоишгоҳи зооветехнология дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

ТаърихВироиш

Соли 2008 дар пойгоҳи фермаи ширию молии КВТТ-и "Ҳисор"-и н. Ҳисор таъсис дода шудааст. Роҳбариаш ба ӯҳдаи дотсент Турдиев Ш. гузошта шудааст.

Фаъолияти озмоишгоҳВироиш

Самти фаъолияти илмиаш технологияи парвариши чорво, истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ва коркарди он, хушзоткунӣ, хӯронидани чорво, беҳдошт, пешгирӣ ва муолиҷаи касалиҳои чорво оид ба ин ва дигар масъалаҳои ҳозираи рушди чорводорӣ, барномаҳои илмӣ тарҳрезӣ карда мешаванд. Дар пойгоҳи озмоишгоҳи мазкур донишҷӯён, аспирантон ва унвонҷӯён корҳои илмӣ тадқиқотӣ мегузаронанд. Пойгоҳи илмию таълимии озмоишгоҳ имконият медиҳад, ки он дар рафти машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзиҳо дар баробари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ самаранок истифода бурда шавад.

ЭзоҳВироиш

ПайвандҳоВироиш