Олим Аъзамович Камолов (03.05.1960, ш. Сталинобод (ҳоло – Душанбе) — рассом. Узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон (аз с. 2003). Арбоби Шоистаи ҶТ (2009).

Олим Камолов
Олим Аъзамович Камолов
Сарвиноз Ҳоҷиева ва Олим Камолов
Сарвиноз Ҳоҷиева ва Олим Камолов
Таърихи таваллуд 3 май 1960(1960-05-03) (64 сол)
Зодгоҳ: Душанбе
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Жанр рассом
Сабк минётура
Унвонҳо Арбоби Шоистаи ҶТ

Зиндагинома

вироиш
 
Мусаввараи Олим Камолов, 30х40cm, 2002

Олим Камолов дар Омӯзишгоҳи рассомӣ (ҳоло – Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов) таҳсил намудааст (1976–1979). Саррассоми миниатюраи фабрикаи «Армуғон» (1979–1986), саррассоми кооперативи «Туҳфа» (1986–1993), муаллими расм ва нақшакашии мак. миёнаи № 7 Душанбе шуда кор кардааст (1993–2002).

"Олим Камолов, ки зиёда аз 20 сол инҷониб бо санъати минётурӣ машғул аст ва осори Камолиддини Беҳзодро меомӯзад, барои аз нав эҳё намудани ин намуди санъати тасвирӣ хидмати беандоза кардааст" гуфтааст Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар

Дар Душанбе асарҳои Олим Камолов ва духтарашро ба намоиш гузоштанд

Аз соли 2002 – мусаввари китоб дар нашриёти «Адиб», с. 2010–2017 ҳаммуассис, ҷонишини директор, омӯзгори Маркази рассомии минётураи «Мино» – Клуби ЮНЕСКО ва аз с. 2014 – омӯзгори Ин.-ути давл. дизайн ва санъати тасвирии Тоҷикистон. Асарҳояш дар офиси ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон (2004, 2009, 2010) дар толори ИР Тоҷикистон (2005), сафорати Ҳинд. дар Тоҷикистон (2009), намоиши шатранҷи хурд дар толори ИР Тоҷикистон (2012), дар меҳмонсаройи «Сирена» (2012), сафорати Туркия дар Тоҷикистон (2012) ба намоиш гузошта шуда буданд. Иштир. Фестивали байналмилалии миниатюрачиён дар Алҷазоир (2013, 2014), иштир. Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белорус (2008) ва Ҳиндустон буд (2008). Асарҳояш дар галереяҳои Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Финляндия, дар коллексияҳои хусусии ИМА, Фаронса, Олмон, Словакия, Украина, Швейсария ва Осорхонаи давлатии ш. Телемсени Алҷазоир маҳфузанд. Бо чандин Диплому Ифтихорномаҳои Фахрии соҳавӣ мукофотонида шудааст.[1]

Нигаред

вироиш
  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6