Олу (лот. Prúnus) — ҷинси бутта ё дарахт мевадорест аз оилаи настараниҳо.

Олу
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Prunus L., 1753
Номенклатурный тип

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ вироиш

Баландиаш аз 1 то 12 метр. Баргаш мудаввар, дарозрӯя ё нештаршакл, гулаш сафед, сабзтоб ё гулобӣ, ҷудогона ё 2—5-тоӣ дар навдаи кӯтоҳ воқеъ шудааст. Мевааш зард, сабз, сурх, қирмизӣ ё сиёҳи кабудтоб (аз 6 то 100 грамм) мудаввар ё тухмшакл.

Густариш вироиш

Дар Аврупо, Осиё ва Амрикои Шимоли беш аз 30 гунаи олу мерӯяд. Дар Тоҷикистон 3 гунаи худрӯй ва 5 гунаи мазрӯъ (олуи маъмулӣ, кӯксултон — Р. nachichovanica, заролу—Р. salicina, сурхолу — P.simonii, Р. arasifera var. pissardii) месабзад. Махсусан олуи маъмулӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон мепарваранд.

Корбурдҳо вироиш

Олуро барои тайёр кардани компот, мураббо, шарбат, рубъ (повидло), мармелад ва тару тоза истифода мебаранд. Хушк ҳам мекунанд. Олу дар таркибаш аз 9 то 20 % қанд, 0,4—Зп’о ҷавҳар, қариб 1 % моддаҳои пектинӣ, то 1 % моддаҳои даббогӣ, витаминҳои Bi, B2, С, К, РР, каротин (провитамини А) ва ғайраҳо дорад.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».

Адабиёт вироиш