Ордени Исмоили Сомонӣ

Ордени Исмоили Сомонӣ — ордени давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо он арбобони давлатию ҷамъиятӣ, ходимони илму фарҳанг ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои комёбиҳои баланди меҳнатӣ, барои саҳми бузург дар кори сохтмони давлатӣ, муваффақиятҳои калон дар хидмати ҳарбӣ, фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ, ҷамъиятию хайрхоҳона сарфароз гардонида мешаванд[1].

Ордени Исмоили Сомонӣ
Нигора
Номида ба шарафи Исмоили Сомонӣ
Кишвар
Дараҷаи болотар Ордени Зарринтоҷ
Дараҷаи пойинтар Ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон»
Service ribbon image
Гурӯҳи барандагони ҷоизаҳо Гурӯҳ:Дорандагони ордени Исмоили Сомонӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих вироиш

Ин орден ба номи асосгузори давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст.

Дараҷаҳо вироиш

Ордени Исмоили Сомонӣ дорои дараҷаҳои зерин мебошад:

  • ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I;
  • ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II;
  • ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III.

Аз рӯи дараҷа ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I эътибори баландтар дорад. Сарфарозгардонӣ бо тартиби пайдарҳамӣ — ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III, II ва I амалӣ карда мешавад.

Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I вироиш

Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I дорои нишон ва ситора буда, нишон бо тасма аз болои китфи тарафи рост ва ситора дар тарафи чапи сина овехта мешавад.

Бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I сарфароз гардонида мешаванд:

  • роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва парламентҳои давлатҳои хориҷӣ;
  • роҳбарони вазорату идораҳо ва сафирони давлатҳои хориҷӣ;
  • роҳбарони намояндагиҳои ташкилотҳои минтақавӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ;
  • роҳбарони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • шахсе, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва вазъи ҳуқуқиаш бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
  • шахсе, ки мансабҳои сиёсӣ ва категорияи олии маъмурии хидмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва чун қоида бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи II ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II мукофотонида шудааст;
  • дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи II ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II мукофотонида шудаанд.

Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II вироиш

Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II дорои нишон буда, онро мардҳо бо тасма дар гардан ва занҳо бо тасмабанд дар тарафи чапи сина меовезанд.

Бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II сарфароз гардонида мешаванд:

  • шахсе, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва вазъи ҳуқуқиаш бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
  • шахсе, ки мансаби сиёсии хидмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва чун қоида бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи III ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III мукофотонида шудааст;
  • дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи III ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III мукофотонида шудаанд.

Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III вироиш

Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III дорои нишон буда, он дар тарафи чапи сина овехта мешавад.

Бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III сарфароз гардонида мешаванд:

  • шахсе, ки мансаби категорияи олии маъмурии хидмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд;
  • дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо дигар мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд.

Эзоҳ вироиш

  1. Моддаи 12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.12.2020 № 1732 «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 15 октябри 2021 санҷида шуд.