Хуршеда Отахонова

(Тағйири масир аз Отахонова Хуршеда)

Хуршеда Отахонова — олим, доктори илмҳои филология (1984), Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (2008), Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон (1994). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1968).[1]

Хуршеда Отахонова
Хуршеда Отахонова
Таърихи таваллуд 2 сентябр 1932(1932-09-02)
Зодгоҳ Истаравшан
Таърихи даргузашт 23 июн 2016(2016-06-23) (83 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва осори хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ академики АИҶТ
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Маъруф ба
Ҷоизаҳо медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Ветерани меҳнат». Ҷоизаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Олимаи соли 2006» ва Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи академик М. С. Осимӣ (2012).

Зиндагинома вироиш

Академик Хуршеда Отахонова зодаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд буда, 2 сентябри соли 1932 ба дунё омадаааст. То синфи шашум дар мактаби миёнаи ба номи Горкии шаҳри Истаравшан таҳсил крадааст. Баъдан хонаводаи онҳо ба шаҳри Душанбе кӯчидааст.

Падараш Отахон Мӯсохоҷаев, соли таваллудаш соли 1901, то соли 1937 дар идораҳои давлатӣ ва советӣ кор мекард. Соли 1937 аз тарафи Коммиссариати халқии корҳои дохилӣ (НКВД) ба муддати даҳ сол ба ҳабс маҳкум карда шуд. 7 январи соли 1944 ӯ ба сабаби беморӣ аз ҳабс озод гардид ва 24 майи соли 1952 вафот кард. Отахон Мўсохоҷаев 8 июни соли 1957 бо қарори Коллегияи корҳои ҷиноии Суди Олии ҶШС Тоҷикистон бегуноҳ дониста шуд.

Хуршеда Отахонова — Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1953), ихтисос — «филология», «адабиётшиносӣ». Аз соли 1953 то охири умр дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон кор мекард. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: адабиёти муосири тоҷик, матншиносии адабиёти муосири тоҷик, бойгониҳои адабӣ. Мудири шуъбаи мероси адабӣ (1971—1989), мудири шуъбаи матншиносӣ ва нашр (1989—2003), мудири шуъбаи адабиёти муосири тоҷик (2003—2009), сарходими илмии шуъбаи адабиёти муосири тоҷик, мушовири илмии (2009-то вафот) Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон (ҳоло Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва осори хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон). Соли 2005 муовини академик-котиби шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008 узви пайвастаи АИ ҶТ интихоб гардида буд.

Осор вироиш

Нахустин китоби тадқиқотии Хуршеда Отахонова «Абулқосим Фирдавсӣ» (соли 1960) унвон дорад. Баъдан силсилаи китобҳои илмии Х. Отахонова бо номи «Раҳим Ҷалил ва эҷодиёти ӯ» (соли 1962), «Падидаҳои навҷӯӣ» (соли 1972), «Аз рӯйи меҳр меҳр» (соли 1972), «Таҳаввули жанри достон дар назми муосири тоҷик» (соли 1983), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти муосири тоҷик», «Чеҳраҳои шинохта» (соли 2004), «Ду адиби номвар» (соли 2002), «Тадқиқи матншиносии осори адибон» (соли 2010), «Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ» (соли 1978), Лоҳутӣ А. «Куллиёт» (соли 1987), Абулқосим Лоҳутӣ «Номаҳо» (соли 2004), Пайрав Сулаймонӣ «Куллиёт» (соли 2006), Лоҳутӣ А. «Куллиёт» (соли 2010), Деҳотӣ А. «Куллиёт» (соли 1965 ҷ. 1), Суҳайлӣ Ҷавҳаризода. «Девон» (соли 1968), «Ҳусни инсон» (1975, 1984, 2016) ва ғайраҳо ба чоп расиданд.[2]

Ҷоизаҳо вироиш

Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», «Ветерани меҳнат», сарфароз гардидааст. Барандаи Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи академик М. С. Осимӣ (2012). Соҳиби Ҷоизаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Олимаи соли 2006» мебошад.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
  2. академик-хурдеша-отахонова-аз-олам-даргузашт(пайванди дастнорас)