100-умин шумораи «Пайкон»

Пайкон
Пайкон
Акс:Paikon.jpg
Таърихи таваллуд 2009
Зодгоҳ Тоҷикистон

Дуруд хонандаи азиз! Инак шумораи 100-уми ҳафтаномаи дӯстдоштании худ - «Пайкон»- ро дар даст дорӣ. Бихон, мулоҳиза рон, камбудиҳои моро ба рӯи мо бигӯ, то ислоҳ шавем. Воқеан, 100 шумораи як ҳафтанома баробар ба 100 сол аст, чун вақти қиммати инсонро талаф мекунад, заҳмат медиҳад ва ҳатто ба беморӣ мекашад. Аммо мевааш ширин аст. Агар он пухта бошад ва бе чанг заданҳову санг заданҳохуд ба худ афтад. Меваҳои «Пайкон» ширинанд. Чун баъди пажӯҳишҳо, гӯш додан ба қалби пурдарди чандин шаҳрванди азиятдида, баррасии баҳсҳо аз ҳамдигар ранг мегиранд ва мунтаҳо рӯи саҳифаҳои ҳафтанома меафтанд. Нӯшат бод ин меваҳои ширини дарахти пурсамари «Пайкон», хонандаи гиромӣ! Ҳама кӯшиши «Пайкон» ба хотири Туст ва барои Ту. Ғаризаҳои «Пайкон» низ баҳри осоиштагии Туст, ки ҳафта ба ҳафта шумораҳои нав ба нави онро интизорӣ. Меваи сабр ҳам ширин аст. Сабр намо, то аз чошниҳои ширинтар аз пеш бичашӣ! Бо эҳтиром «Пайкон»-и Ту

Муассиси "Пайкон"Вироиш

Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ

Муассиси БюроВироиш

Ҷумъаи Толиб

Шумораҳои "Пайкон"Вироиш

http://paikon.wordpress.com/шумораҳои-пайкон/(пайванди дастнорас)

ПайвандҳоВироиш

http://paikon.wordpress.com/

http://paikon.wordpress.com/шумораҳои-пайкон/(пайванди дастнорас)

http://paikon.wordpress.com/дар-бораи-мо/