Пизишкии гувориш[1], гастроэнтероло́гия (аз юн.-қад. γαστήρ, γαστρός — меъда + юн.-қад. ἔντερον — рӯда + юн.-қад. λόγος — илм) — фасли бемориҳои дарунӣ, ки сохт, вазифа, бемории узвҳои ҳозима, усулҳои ташхиси беморӣ, табобат ва пешгирии онҳоро меомӯзад.

Таърих

вироиш

Бемориҳои аъзои ҳозима аз қадим маълуманд. Буқрот доир ба парҳезшифоӣ ақидае баён карда буд, ки он дар инкишофи пизишкии гувориш аҳаммияти бузурге дошт. Яке аз фаслҳои «Қонун»-и Абуалӣ ибни Сино ба меъда ва ҳолатҳои он бахшида шудааст. Дар он дар бораи бемориҳо ва хуншории сурхной, мизоҷи меъда, офатҳои меъда, ки ғайримизоҷианд, бадмизоҷӣ, дард ва нотавонии меъда, офатҳо ва заъфи гувориш, дуруштӣ ва сахтии меъда, хун қай кардан маълумоти ҷолиб мавҷуд мебошад. Абуалӣ ибни Сино дар робита ба ҳолати ҷигар низ бисёр масъалаҳои муҳиммеро шарҳ додааст. Ақидаҳои ӯ дар баёни ташреҳи ҷигар, бемориҳои ҷигар ва дармони онҳо, чизҳои барои ҷигар музир, заъф ва суддаҳои ҷигар, сабабҳои хурдии ҷигар ва ғ. то имрӯз моҳияти хешро гум накардаанд.

Пизишкии гувориш ҳамчун илм дар натиҷаи таҳқиқоти олимони утришӣ К. Рокитанский, фаронсавӣ Ш. Крювеле ва дигарон (нимаи аввали садаи XIX) дар соҳаи баданшиносии эътилолӣ ва ба низом даровардани бисёр бемориҳои аъзои ҳозима (захм ва саратони меъда, сиррози ҷигар ва ғайра) ба вуҷуд омад. Дар ривоҷу равнақи пизишкии гувориш олимони фаронсавӣ Р. Лаэннек, Ж. Делафуа, В. Ш. Гико ва диГастроэнтерология саҳми назаррас гузоштанд. Баъди дар амалия истифода шудани зондҳои ғафс (1867; олими олмонӣ А. Кусмаул) ва борик (1911; духтури олмонӣ М. Эйнхорн ва амрикоӣ В. Лайон) барои таҳқиқи амиқи фаъолияти меъда ва бемориҳои роҳҳои талха шароити мусоъид фароҳам омад. Рушду инкишофи усулҳои рентгенологӣ барои муқаррар сохтани иллатҳои аъзои ҳозима мусоидат намуданд. Корбасти усулҳои таҳқиқи асбобӣ, яъне гастроскопия, эзофагоскопия, лапароскопия, ректороманоскопия, радиоиндикатсия, колоноскопия, радиотелеметрия ва ғ. имкониятҳои ташхисотро дар соҳаи пизишкии гувориш афзун намуданд. Дар пешрафти пизишкии гувориш саҳми олимони рус ва шӯравӣ — И. П. Павлов, С. П. Боткин, М. П. Кончаловский, М. И. Певзнер, А. Л. Мясников, Е. М. Тареев, Н. В. Коновалов, А. С. Логинов, В. Т. Ивашкин ва дигарон низ назаррас аст.

Дар Тоҷикистон

вироиш

Дар Тоҷикистон пизишкии гувориш ба маънои ҳақиқӣ баъд аз ташкили пажӯҳишгоҳи махсус, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин буд, ташаккул ёфтааст. Соли 1965 дар заминаи шуъбаи болинии Пажӯҳишгоҳи пизишкии кишварӣ Пажӯҳишгоҳи улуми гувориш таъсис дода шуд. Олимони он бисёр масъалаҳои улуми гуворишро мавриди таҳқиқ қарор доданд. Бо кӯшиши гепатологҳои ҷумҳурӣ усули биопсияи сӯзании ҷигар ба роҳ монда шуд, ки комёбии бузург буд. Саҳми пизишкони гувориши тоҷик дар таҳқиқи иллати ҷигар ва бемориҳои вирусии он, майзадагӣ, бемории санги талхадон, бактерияи Helicobacter pylori ва амрози қисми болоии аъзои ҳозима низ арзанда аст. Дар бемористонҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Кӯлоб, Норак, Регар ва ғ. шуъбаҳои махсуси гувориш фаъолият доранд. Дар ҷумҳурӣ аз соли 1990 маҷаллаи вижаи пизишкии гувориш ба табъ мерасад.

  1. Пизишкии гувориш чист? Маънои пизишкии гувориш(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 7 июли 2020 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Мансуров Х. Х. Успехи гастроэнтерологии в Советском Таджикистане//Наука и техника, № 10. 1972;
  • Мансуров Х. Х. Очаговые заболевания печени./Дар кит.: Руководство по гастроэнтерологии. Варшава, 1978;
  • Мак Н., Питер Р. Секреты гастроэнтерологии. М., 2005;
  • Мансуров Х. Х., Мироджов Гастроэнтерология К., Мансурова Ф. Х. Клинические очерки по гепатологии и гастроэнтерологии. Д., 2006;
  • Мироджов Гастроэнтерология К., Рахимов М. Хронический гепатит и цирроз вируса D. Д., 2014.


Сарчашма

вироиш
  • Гастроэнтерология / Ҳ. Мансуров, Ғ. Мироҷов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.