Пирмат Бойматов (1910, деҳаи Дардар, ноҳияи Айнӣ — 1984, ҳамон ҷо) — овозхон, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1963). Муаллими хидматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон (1960).

Пирмат Бойматов
Таърихи таваллуд 1910(1910)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ
Таърихи даргузашт 1984(1984)
Пеша(ҳо) овозхон

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Дорулмуаллимини Тошканд (1931), Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент (1941) ва Институти муаллимии Самарқанд (1954). Пирмат Бойматов баробари таълими фанҳои гуногун солҳои зиёд ба маҳфили ҳаваскорони санъати мактаб роҳбарӣ намудааст. Аз соли 1965 (баъди ба нафақа бармадан) роҳбари дастаи ҳаваскорони санъат ва аз соли 1977 мудири клуби колхози ба номи Свердлови ноҳияи Айнӣ буд. Пирмат Бойматов таронаҳои халқӣ ва сурудҳои классикиро бо маҳорати баланд иҷро менамуд. Ба услуби халқӣ як силсила оҳангҳои марғуб эҷод кардааст. «Ёр муборак» (шеъри халқ), «Бар ҷонам занад» (шеъри халқ), «Теғи нигоҳ» (ғазали Туғрал), «Омад ба ёд» (ғазали Сайидо), «Баҳори Ватан» (шеъри С. Вализода) ва ғ. аз беҳтарин таронаҳои Пирмат Бойматов мебошанд.

Ҷоизаву медалҳо вироиш

Бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945», «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин» сарфароз гардидааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш