Призма (геометрия)
При́зма (лот. prisma) — бисёррӯяест, ки ду рӯяи n-кунҷа (асосҳои рризма) дорад ва n то рӯяаш (рӯяҳои паҳлӯии II.) параллелограмҳоанд.
Асосҳои призма конгруэнтианд ва дар ҳамвориҳои параллелӣ воқеанд. Агар ҳамвории рӯяҳои паҳлӯӣ ба ҳамвории асос перпендикуляр бошад, призмаро рост ва агар призмаи рост бисёркунҷаи мунтазам бошад, онро призмаи мунтазам меноманд. Вобаста ба миқдори кунҷҳои асос призмаҳо секунҷа, чоркунҷа ва ғайра мешаванд. Ҳаҷми призма ба ҳосили зарби масоҳати асос бар баландӣ (масофаи байни асосҳои призма) баробар аст.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.