Примаков Евгений Максимович

Примаков Евгений Максимович - (тав. 1929 Киев - 2015), Доктори илми иқтисодӣ (1969), профессор (1972). Академики АИ Русия (1979), Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (1997).

Примаков Евгений Максимович
Примаков Евгений Максимович
E Primakov 03.jpg
Таърихи таваллуд: 29 октябри соли 1929
Зодгоҳ: ш. Киев, Украина
Тахрихи даргузашт: 26 июн 2015(2015-06-26)[1][2][…] (85 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Фазои илмӣ: олим
Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ: Doctor of Economics[d] (1969)
Алма-матер:
Ҷоизаҳо:
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Commons-logo.svg Примаков Евгений Максимович дар Викианбор

ЗиндагиномаВироиш

Институти шарқшиносии Москваро хатм кардааст (1953). ихтисос- «иқтисодиёт»). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: иқтисодиёти ҷаҳон, муносибатҳои байналмилалӣ. Ходими калони илмӣ (1956-1962), муовини директори Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии АИ ИҶШС (1970-1977). Директори Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (1977-1985). Директори Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии АИ ИҶШС (1985-1989). Академик-котиби Шӯъбаи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, узви Раёсати АИ ИҶШС (1988-1989). Раиси Шӯрои Иттифоқи Шӯрои Олии ИҶШС (1989-1990), сардори Хадамоти марказии разведкаи ИҶШС (1991), директори Хадамоти разведкаи хориҷии Россия (1991-1996), вазири корҳои хориҷии ФР (1996-1998), раиси Ҳукумати ФР (1998-1999), президенти Палатаи савдову саноати Федератсияи Русия (2001-2011).

ҶоизаҳоВироиш

Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо, «Нишони Фахрӣ», «Барои хизмат баҳри Ватан» дараҷаҳои 1, 2, 3, Шараф, медалҳо ва ҷоизаҳои зиёди хориҷӣ тақдир шудааст. Дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1980), ҷоизаҳои Ҷамол Абдулносир (1975), Абӯалӣ ибни Сино (1983), Ҷорҷ Кеннан (1990), ҷоизаи байналмилалии Гуго Гротсия (2000).[4]

ЭзоҳВироиш

  1. 1.0 1.1 http://ria.ru/society/20150626/1090013481.html
  2. Encyclopædia Britannica
  3. Munzinger Archiv — 1913.
  4. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Д.: Дониш, 2011. - 216 с.