Тоҳир Пирмуҳаммадович Пӯлодов (1 [14] май 1906, Самарқанд, генерал-губернатории Туркистон19 август 1979, Душанбе) — ходими давлатӣ ва сиёсии шӯравӣ.

Тоҳир Пӯлодов
Пӯлодов Тоҳир Пирмуҳаммадович
1938 — 1942
Пешгузашта Муҳаммадамир Ниёзов
Ҷонишин Ҳотам Солеҳбоев
Таваллуд 1 (14) май 1906
Даргузашт 19 август 1979(1979-08-19) (73 сол)
Фарзандон Аъзам Пӯлодов
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Ситораи Сурх ордени «Нишони Фахрӣ»

Зиндагинома вироиш

Тоҳир Пӯлодов соли 1906 дар Самарқанд ба дунё омадааст.

Корнома вироиш

Узви ҲКИШ аз соли 1932. Аз соли 1933 — дар кори хоҷагӣ, ҷамъиятӣ ва сиёсӣ. Солхои 1933 — 1962 — муаллими иқтисоди сиёсии Мактаби олии хоҷагии қишлоқи коммунистӣ, директори Нашриёти давлатии Точикистон, Комиссари халққии маорифи ҶШС Точикистон, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, агитатори Шуъбаи сиёсии Артиши 52-юм, котиби КМ ҲК(б) Тоҷикистон оид барои таблиғоту таҳрик, котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, мудири Шуъбаи КМ ҲК Тоҷикистон, вазири маорифи ҶШС Точикистон.

Тоҳир Пӯлодов депутати Шӯрои Олии ҶШС Точикистон даъватҳои 1—5 интихоб шудааст.

Дар соли 1979 даргузашт.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш