Пустовой Иван Фёдорович

Пустовой Иван Фёдорович — доктори илми ветеринарӣ (1971), профессор (1972). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1973).[1]

Пустовой Иван Фёдорович
Пустовой Иван Фёдорович
Таърихи таваллуд 1926(1926)
Таърихи даргузашт 1981(1981)
Фазои илмӣ олим
Ҷоизаҳо
ордени «Нишони Фахрӣ»

Зиндагинома вироиш

Пустовой Иван Фёдорович Институти кишоварзии Одессаро хатм кардааст (1952), ихтисос – «гелминтология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: паразитология, гелминтология, эпизоотология ва пешгирии бемориҳо. Мудири шуъбаи гелминтология (1961-1963), директори Институти тадқиқотии ветеринарии ВК ҶШС Тоҷикистон (1963-1981).

Ҷоизаҳо вироиш

  • Бо ордени «Нишони Фахрӣ»,
  • медалҳои «Барои мудофиаи Кавказ»,
  • «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,
  • «Бистсолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,
  • «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин» тақдир шудааст.

Манобеъ вироиш

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.