Аъзам Пӯлодов
Аъзам Пӯлодов — доктори илмҳои тиб (1963), профессор (1966). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1985). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1974). Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1956).[1]
Аъзам Пӯлодов | |
---|---|
Аъзам Тоҳирович Пӯлодов | |
Таърихи таваллуд: | {1928 |
Зодгоҳ: | Тоҷикистон , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт: | 2007 |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | тиб |
Ҷойҳои кор: | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти педиатрияи Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Институти якуми тиббии Москва ба номи И.М.Сеченов |
Ҷоизаҳо: |
Ду ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат «Медали меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин» Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1974) Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1956) |
ЗиндагиномаВироиш
Аъзам Пӯлодов Институти якуми тиббии Москва ба номи И.М.Сеченовро хатм намудааст (1949), ихтисос – «тиб». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: ҷарроҳии барқароркунандаи рӯй, ҳолати функсионалии қабати гурдаҳо ҳангоми ҷарроҳӣ, анестизиология ва реаниматологияи бачаҳо, ҷарроҳии барқароркунандаи роҳи пешоб ҳангоми уролитиаз. Дотсенти кафедраи ҷарроҳии госпиталӣ (1956-1964), мудири кафедраи ҷарроҳии бачагонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1964-1996). Сарҷарроҳи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967-1993). Сарходими илмии Институти педиатрияи Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон (1997-2007).
ҶоизаҳоВироиш
- ду ордени «Нишони Фахрӣ»,
- ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
- медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин» тақдир шудааст.
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1974).
- Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1956).
ЭзоҳВироиш
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |