Рамазон Раҳимзода

(Тағйири масир аз Рамазон Раҳимов)

Раҳимзода Рамазон Ҳамро (Раҳимов Рамазон Ҳамроевич; 25 апрели 1960, ноҳияи Ховалинг) — ходими давалтии тоҷик, генерал-полковники милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2012).

Рамазон Раҳимзода
Раҳимзода Рамазон Ҳамро
аз 5 январи 2012
Нахуствазир Қоҳир Расулзода
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Пешгузашта Абдураҳим Каҳҳоров
Таваллуд 25 апрел 1960(1960-04-25) (63 сол)
Ном ҳангоми таваллуд Раҳимов Рамазон Ҳамроевич
Дараҷаи илмӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Хидмати сарбозӣ
Рутба генерал-полковник

Зиндагинома вироиш

Рамазон Раҳимзода 25 апрели соли 1960 ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1982 факултаи муҳандисии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, соли 1995 Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2002 Академияи ВКД Федератсияи Русияро хатм кардааст[1].

  • Соли 1982 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, соли 1995 Мактаби олии Тошкенти ВКД ИРСС-ро хатм кардааст. Ихтисос: инженери чорво, ҳуқуқшинос, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
  • Солҳои 1983—2001 кор дар вазифаҳои гуногун дар ШКД — ҳои ВКД ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон хидмат кардааст.
  • Солҳои 2001—2004 Намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ
  • Солҳои 2004—2005 Муовини аввали директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ, шаҳри Москва
  • Солҳои 2005—2007 Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2007—2008 Сардори Хадамоти муҳочирати ВКД — и Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2008—2009 Мудири Шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2009—2012 Муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 январи соли 2012 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш