Open main menu

Раъно Бобоҷониён (Раъно Маҳмудзода Бобоҷониён то чанд соле пеш Бобоҷонова Раънохон Маҳмудовна; тав. 18 феврали 1971, деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Хуҷанд) — рӯзноманигор, филолог, доктори илмҳои филология (2006), профессор (1999).

Раъно Маҳмудзода Бобоҷониён
Бобоҷонова Раънохон Маҳмудовна
Санаи таваллуд:

18 феврал 1971(1971-02-18) (48 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Хуҷанд

Фазои илмӣ:

филология

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои филология

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1992)

Маъруф ба:

рӯзноманигор

ЗиндаигномаВироиш

Шуъбаи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1992) ва факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, сиёсат ва тиҷорати Хуҷандро (2000) хатм намудааст. Омӯзгори фанҳои адабиёт ва забони тоҷикии мактаби № 5 шаҳри Чкаловск (1992—1993), аспиранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) (1993—1996), докторанти ДМТ (2003—2006), омӯзгор, сипас мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ (1997—2010), аз майи 2010 то феврали 2011 хизматчии давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аз феврали соли 2011 ноябри соли 2013 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд, аз ноябри 2013 муовини раиси вилояти Суғд.

Аз13 декабри соли 2014 дар Анҷумани XII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муовини Раиси ҲХДТ интихоб гардидааст[1].

Фаъолияти илмӣВироиш

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ ва эҷодии Раъно Бобоҷониён масъалаҳои гендер, омӯзиши ВАО вобаста ба инъикоси ҳодисаву воқеаҳои дар Тоҷикистон рӯйдода (солҳои 1990—1995; бештар матбуоти Россияро таҳлилу баррасӣ намудааст), таълифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ оид ба журналистика ва таълими он мебошад. Ба забони тоҷикӣ ва русӣ менависад. Ба қалами ӯ се монография («Ислам, традиция и гендерные стереотипы», «Проблемы гендера в современной прессе Таджикистана», «Межтаджикские переговоры и СМИ»), китоби дарсии «ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» (2009), инчунин мақолаҳои дар маҷмӯаҳои илмии дар Тоҷикистон, Россия, Украина, Гурҷистон чопшуда тааллуқ доранд.

Раъно Бобоҷониён чун коршиноси соҳаи ҳуқуқ, гендер ва журналистика дар доираҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш