Open main menu

Фарҳод Раҳимӣ (Фарҳод Қодирович Раҳимов; 19 сентябри 1968, Панҷакент) — физикадони тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика (2008), профессор (2009), узви пайвастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014)[1]. Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (аз соли 2013). Барандаи Ҷоизаи байналхалқии ЭКО дар бахши «Илм ва технология» (2012).

Фарҳод Раҳимӣ
Фарҳод Қодирович Раҳимов
Санаи таваллуд:

19 сентябри соли 1968

Зодгоҳ:

Панҷакент

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

физикаи назариявӣ ва физикаи зарраҳои бунёдӣ

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АИ ҶТ

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои физика ва математика

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Роҳбари илмӣ:

узви вобастаи АИ ҶТ Ҳабибулло Абдуллоев

Ҷоизаҳо:

Ордени «Шараф» дараҷаи II, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, Ҷоизаи байналхалқии ЭКО дар бахши «Илм ва технология»

ЗиндагиномаВироиш

Фарҳод Раҳимӣ 19 сентябри соли 1968 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Cоли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси физик, физик — омӯзгор хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун лаборанти калони кафедраи физикаи умумӣ шурӯъ намуда, сипас дар аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба омӯзиш ва таҳқиқи ҳодисаҳои дохилиядроӣ, ки ба ҳаракати спинии электронҳо алоқамандӣ дошт, машғул гардида, соли 1995 рисолаи илмиашро пеш аз муҳлат дифоъ намудааст.

Аз соли 1995 то соли 2000 ба ҳайси муаллими калони кафедраи физикаи умумии ДМТ ва докторанти ҳамин Донишгоҳ фаъолият намуда, таҳқиқоти илмиашро дар Пажӯҳишгоҳи мутаҳидаи таҳқиқоти ядроии шаҳри Дубнаи Федератсияи Русия идома дода, рисолаи докториро дифоъ ва ба унвони илмии доктори илмҳои физикаву математика соҳиб гардидааст. Солҳои 2001—2005 ҳамчун сардори раёсати ҳамоҳангсозӣ ва ояндабинии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2005—2006 дар мансаби муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз декабри соли 2006 то декабри соли 2013 муовини аввали Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.[2]

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013 Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон таъин гардид.[3]

Осори илмӣВироиш

Фарҳод Раҳимӣ муаллифи 4 монография, 8 китоби дарсӣ, 4 дастури методӣ ва зиёда аз 95 мақолаи илмӣ мебошад.

МукофотВироиш

ЭзоҳВироиш