Абдулло Раҳимов

(Тағйири масир аз Раҳимов Абдулло)

Абдулло Раҳимов (1 июни 1932, ноҳияи Ҳоит, вилояти Ғарм — 30 июли 2010, Душанбе) — файласуфи маъруфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (1978), профессор (1980).

Абдулло Раҳимов
Абдулло Раҳимов
Таърихи таваллуд 1 июн 1932(1932-06-01)
Зодгоҳ ноҳияи Рашт , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 30 июл 2010(2010-07-30) (78 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома вироиш

Соли 1951 Омӯзишгоҳи омӯзгории Ғарм, соли 1953 Донишкадаи муаллимтаёркунии ш. Кӯлоб ва соли 1957 Донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлобро хатм кардааст. Солҳои 1953—1954 инспектори шуъбаи маорифи вилояти Кӯлоб, 1954—1957 директори мактаб-интернати собиқ ноҳияи Обигарм, 1959—1960 аспиранти Шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1961—1962 ректори Донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлоб буд. Солҳои 1973—2002 дар вазифаи мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино кор кардааст. Солҳои 2003—2010 мушовири ректор ва профессори кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Муаллифи зиёда аз 300 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Таълифотҳояш масъалаҳои фалсафаи иҷтимоӣ, инкишофи маданияти халқи тоҷик, проблемаи инсон ва ғайраро дар бар гирифтаанд. Таҳти роҳбарияш 2 нафар рисолаи докторӣ ва 8 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.

Осор вироиш

  • Деҳоти тоҷик дар роҳи коммунизм, Д.,1966;
  • Азнавсозиҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар деҳоти тоҷик, Д., 1968;
  • Проблемаи инсон дар фалсафа, Д., 1970;
  • Инкишофи маданияти деҳоти тоҷик, Д., 1978;
  • Тараққиёти комплексии деҳот дар шароити социализми мутараққӣ, Д., 1987;
  • Фалсафаи тиб (китоби дарсӣ), Д., 2001;
  • Краткий философкий мирвоззрений, Д., 2001;
  • Асосҳои фалсафа (китоби дарсӣ), Д., 2003;
  • Книга чтения по философии (китоби дарсӣ), Д., 2004;
  • Асосҳои фалсафа (китоби дарсӣ), Д., 2005;
  • Сохти сиёсии ҷамъият, Д., 2005;
  • Асосҳои фалсафа (китоби дарсӣ), Д., 2009;
  • Проблемаҳои фалсафии илмҳои иҷтимоию гуманитарӣ, Д., 2008.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш