Раҳим Муъинии Кирмоншоҳӣ

Раҳим Муъинии Кирмоншоҳӣ (форсӣ: رحیم معینی کرمانشاهی‎; 6 феврал 1922, Кирмоншоҳ17 ноябр 2015, Теҳрон) — наққош, рӯзноманигор, нависанда, шоир ва таронасарои аҳли Эрон.

Раҳим Муъинии Кирмоншоҳӣ
форсӣ: رحیم معینی کرمانشاهی
Таърихи таваллуд: 6 феврал 1922(1922-02-06)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 17 ноябр 2015(2015-11-17) (93 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, рӯзноманигор, нависанда, таронасаро, шоири таронасаро
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Раҳим Муъинии Кирмоншоҳӣ ба ривоятҳои пешин дар соли 1922 (1301 хуршедӣ[1]) дар Кирмоншоҳ зода шудааст. Падараш Карим Муъинӣ, мулаққаб ба Солори Муъаззам, марде шуҷоъу далер буд ва ба воситаи рафоқате, ки бо Нусратуддавлаи Фирӯз дошт, чанде аз тарафи вай ба ҳукумати Форс мансуб шуд ва муддате низ барои саркӯби шӯришиёни Луристон бо сипаҳбуд Амир Аҳмадӣ ҳамкорӣ кард ва пас аз фавти Нусратуддавла барои ҳамеша аз корҳои сиёсӣ канорагирӣ кард ва дар гӯшаи инзиво ба сар бурд.

Фаъолияти ҳунарӣ

вироиш

Ӯ аз соли 1320 хуршедӣ ба кори наққошӣ пардохт ва дар ин роҳ пешрафт кард ва тоблуҳое низ ба ёдгор гузорид. Дар зимни корҳои наққошӣ ба назми шеър мепардозад ва қисмате аз осори адабиву иҷтимоъии ӯ дар рӯзномаи «Силаҳшӯрони ғарб» ба чоп расид. Ӯ достони «Ахтар» ва «Манучеҳр»-ро дар чаҳор тоблу ба риштаи назм кашид ва дар он ҳақоиқи аз иҷтимоъи замонро муҷассам кард. Зимни сурудани шеър чанде ба таронасароӣ пардохт ва таронаҳои ӯ, ки тавассути хонандагони родию хонда мешуд аз шуҳрати басазое бархӯрдор шуд.

Муъинии Кирмоншоҳӣ дар соли 1330 хуршеди ба дастури Муҳаммад Мусаддиқ нахуствазири вақт ба истихдоми Идораи кулли интишороту таблиғот даромад ва дар соли 1334 хуршедӣ ба муованати Идораи родию мансуб гардид. Муъинии Кирмоншоҳӣ дар ибтидои даҳаи 1330 хуршедӣ ва ба пешниҳоди Алии Даштӣ тахаллуси «Умед»-ро баргузид ва пас аз эътирози Ахавони Солис аз доштани тахаллус мунсариф шуд ва пасванди Кирмоншоҳиро ба думболи номи хонаводагии Муъинӣ изофа намуд ва бо номи Муъинии Кирмоншоҳӣ ба кори ҳунарӣ пардохт.

Аз осори ӯ метавон ба девони «Эй шамъҳо бисӯзед» шомили ғазалиёти вай то соли 1344 хуршедӣ, андешае дар маснавии ба номи Фитрат, девони «Хуршеди шаб» шомили ғазалиёти сурудашуда то соли 1365 хуршедӣ, баррасии осору аҳволи лисонулғайб дар «Ҳофиз бархез, дар хароботи муғон» шомили тазмини ғазалиёти Ҳофиз, «Хоби нӯшин», «Ҳикояти нагуфта» ва даҳ ҷилд таърихи манзуми Эрон пас аз ҳамлаи аъроб то асри ҳозир таҳти унвони «Шоҳкор» токунун табъу нашр шудааст.

Фаъолияти рӯзноманигорӣ

вироиш

Раҳим Муъинии Кирмоншоҳӣ дар соли 1328 дар шаҳри Кирмоншоҳ рӯзномаи «Силаҳшӯрони ғарб»-ро бунён гузошт. Ин рӯзнома дар солҳои нахуствазирии Муҳаммад Мусаддиқ аз машйи ин давлат ҳимоят карда ва ба ҳамроҳи чанд нашрияи дигар дар Кирмоншоҳ номи «Матбуъоти миллии Кирмоншоҳ»-ро бар худ ниҳоданд. Пас аз суқути давлати Мусаддиқ дар соли 1332, «Силаҳшӯрони ғарб» низ тавқиф шуда ва Муъинии Кирмоншоҳӣ барои муддате зиндонӣ ва ҳамчунин аз шуғли худ дар «Бонки Сипаҳ» ихроҷ шуд.

Эҷодиёт

вироиш

Бархе аз таронаҳои машҳур

вироиш
Тарона Оҳангсоз Хонанда
Рафтам, ки рафтам (Аз барат доманкашон) Алии Таҷвидӣ Марзия
Санги хоро Алии Таҷвидӣ Марзия, Алиризо Ифтихорӣ
Обшор Бузург Лашкарӣ Ёсамин
Ёди кӯдакӣ Алии Таҷвидӣ Дилкаш, Алиризо Ифтихорӣ
Баҳори ман гузашта шояд Имод Ром Имод Ром
Навои дил Ҷавод Лашкарӣ Дилкаш
Минои шикаста Ҳумоюн Хуррам Марзия
Ман ар саройи ту Анушервон Рӯҳонӣ Марзия
Тоқатам деҳ Ҳумоюн Хуррам Марзия
Лолаи саҳроӣ Ҷавод Лашкарӣ Марзия
Ту бихон Ҷавод Лашкарӣ Марзия, Алиризо Ифтихорӣ
Товус Парвиз Ёҳаққӣ Марзия
Сарву бед Парвиз Ёҳаққӣ Марзия
Барқу хирман Ҳумоюн Хуррам Парвин
Занги корвон Ҳумоюн Хуррам Курус Сарҳангзода
Санги сабур Ҳабибуллоҳ Бадеъӣ Марзия
Рози хилқат Анушервон Рӯҳонӣ Маҳастӣ
Бозгашта (Умеди ҷонам зӣ сафар бозомад) Алии Таҷвидӣ Дилкаш, Алиризо ифтихорӣ
Шуълаи саркаш Ҳабибуллоҳ Бадеъӣ Пурон
Инсон Имод Ром Дорюш Иқболӣ-Илоҳа
Бӯи баҳор Имод Ром Нодир Гулчин
Ошуфтаҳолӣ Алии Таҷвидӣ Дилкаш, Алиризо Ифтихорӣ
Ба думболи дил Алии Таҷвидӣ Ҳумайро, Алиризо Ифтихорӣ
Шамъи бепарвона Алии Таҷвидӣ Ҳумайро
Гумроҳ Ҷавод Лашкарӣ Дилкаш

Беморӣ ва даргузашт

вироиш
 
Мақбараи Муъинӣ дар «Биҳишти сакина»-и Караҷ

Муъинии Кирмоншоҳӣ аз соли1387 хуршедӣ ба далели куҳулати син ва бемориҳои ношӣ аз ин масъала, бо беморӣ дасту панҷа нарм мекард ва то рӯзи якшанбеи 24 обонмоҳи 1394 қалам ба даст машғули идомаи «Шоҳкор» буд ва танҳо куҳулати син ва сангинии гӯш ӯро ранҷ медод. Раҳим Муъинии Кирмоншоҳӣ пас аз чиҳилу ҳашт соати табби хафиф таърихи сешанбеи 26 обони 1394 дар синни 93 солагӣ ба манзури дармони таб ва дидор аз фарзандаш Ҳусайн Муъинии Кирмоншоҳӣ, ки бистарӣ буд озими Бемористони Ҷам шуд, ки қабл аз расидан дар худрав бо сактаи қалбӣ аз ранҷи зистан раҳоӣ ёфт ва дар «Биҳишти сакина»-и шаҳри Караҷ дафн шуд[2][3].

Тибқи васияти Муъинии Кирмоншоҳӣ, масъулияти ҷамъоварӣ, вироиш, назорат бар чопи ғазалиёт, хотирот ва идомаи «Шоҳкор» ба фарзандаш Ҳусайн дода шудааст.

  1. درگذشت معینی کرمانشاهی(форсӣ). بانی فیلم (18 ноябри 2015). 18 феврали 2021 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  2. تشييع پيکر رحيم معيني کرمانشاهي. web.archive.org (22 ноябри 2015). 18 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 ноябри 2015.
  3. رحیم معینی کرمانشاهی،‌ شاعر و ترانه سرای ایرانی،‌ درگذشت(форсӣ). رادیو فردا. 18 феврали 2021 санҷида шуд.