Раҳмонали Сафарализода

Сафарализода Раҳмонали Давлат (зод. 6 апрели 1969, ноҳияи Восеъ) — арбоби низомии тоҷик, Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (4 апрели соли 2001). Генерал-лейтенант аз соли 2018.

Сафарализода Раҳмонали Давлат
Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таваллуд 6 апрел 1969(1969-04-06) (54 сол)
Рутба генерал-лейтенант
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Соли 1986 ба омӯзишгоҳи олии зенитию мушакии Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ дохил шуда, соли 1990 онро ба итмом расонидааст. Барои хидмат ба бригадаи зенитию мушакии 83-юм фиристонида шуд.

Соли 1993 сардори шуъбаи якуми комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ, худи ҳамин сол муовини командири 2-юми баталёни алоҳидаи кӯҳӣ — тирандозии ВМ ҶТ оид ба лавозимоти ҳарбӣ, таъйин мегардад. Аз соли 1994 то соли 1997 дар Академияи муҳофизати зидди ҳавоии ВМ ФР таҳсил кардааст.

Аз соли 1997 то соли 2001 вазифаҳои сардори ситод, муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоии ВМ ҶТ адо кардааст. Аз соли 2001 муваққатан вазифаи Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ- ҳавоиро ба дӯш дошт.

Аз 4 апрели соли 2001 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи фармондеҳи Қувваҳои ҳарбии — ҳавоиро иҷро намудааст. Бо ордену медалҳои давлатӣ мукофонида шудааст. Оиладор, соҳиби 7 фарзанд.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш