Абдуҷаббор Раҳмонзода

Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизӣ (Раҳмонов Абдуҷаббор Азизович; 15 марти 1959, деҳаи Андароби ноҳияи Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик, доктори илмҳои филология, профессор (1999), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (2008), академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ, ходими давлатӣ. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004—2005), Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005—2012). Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (2014—2021).

Абдуҷаббор Раҳмонзода
Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизӣ
парчам
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
парчам
15 декабри 2014 — 4 майи 2021
Пешгузашта Саидмурод Фаттоҳзода
Ҷонишин Эмомалӣ Насриддинзода
2005 — 10 январи 2012
Пешгузашта Сафаралӣ Раҷабов
Ҷонишин Нуриддин Саидов
Таваллуд 15 март 1959(1959-03-15) (65 сол)
Ном ҳангоми таваллуд Раҳмонов Абдуҷаббор Азизович
Таҳсилот Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1983)
Дараҷаи илмӣ доктори илмҳои филология
Ҷоизаҳо Ордени Шараф

Зиндагинома вироиш

Абдуҷаббор Раҳмонов 15 марти соли 1959 дар деҳаи Андароби ноҳияи Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1978 ба факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, соли 1983 хатм намуда, ба сифати ассисенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи В. И. Ленин ба кор оғоз кардааст.

Хидмат дар артиш вироиш

Солҳои 1985—1987 дар Афғонистон адои хидмат намудааст.

Рисолаҳои номзадӣ докторӣ вироиш

Ноябри соли 1987 ба аспирантураи Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1991 дар мавзӯи «Консепсияи замон дар насри солҳои 70—80-уми тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Баъди дифои рисола аввал, ба сифати ассистент, баъдан ба сифати саромӯзгор ва дотсенти кафедраи фавқуззикр адои вазифа намуда, як қатор мақолаҳои илмӣ ва методӣ дар мавзӯъҳои мухталифи адабиёт таҳия ва нашр намудааст.

Аз соли 1995 то соли 1999 ба сифати мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи мазкур кор намуда, баъдан ба хотири ба анҷом расонидани рисолаи докторӣ ба рухсатии эҷодӣ баромада, соли 1999 рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Манбаъҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷики нимаи аввали асри ХХ» дар Шӯрои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо муваффақият дифоъ намудааст.

Оила вироиш

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Фаъолияти корӣ вироиш

Соли 2000 ба сифати мудири шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 2002 дар ин шуъба кор намудааст. Сипас, ба шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст.

Соли 2004 ба сифати Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, то соли 2005 дар ин вазифа фаъолият кардааст.

Аз моҳи марти соли 2005 то моҳи январи соли 2012 ба сифати Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст[1].

Аз январи соли 2012 то декабри соли 2014 ба сифати Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст[2][3].

Солҳои 2014—2021 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд[4][5].

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 4 майи соли 2021 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъйин гардид[6].

Фаъолияти илмӣ вироиш

Абдуҷаббор Раҳмонов ба сифати адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик шинохта шуда, академики Академияи илмҳои Чумҳурии Тоҷикистон ва академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ мебошад. Ӯ аз солҳои 80-уми садаи ХХ то ба имрӯз дар мавзӯъҳои мухталифм адабиёт, забон ва фарҳанг мақолаҳои илмӣ-оммавӣ таҳия намуда, мақолаҳояш дар дохил ва хориҷи кишвар ба нашр расидаанд. Дар бораи проблемаҳои замону макони бадеӣ дар адабиёт ва нақши он дар тафаккури эҷодӣ низ тадқиқоти судманд ба анҷом расонида, дар ин бора якчанд мақолаҳои проблемавӣ таҳия кардааст, ки намунаашон мақолаҳои «Мавқеи замони бадеӣ дар романи „Палатаи кунҷакӣ“-и Фазлиддин Муҳаммадиев», «Структураи замони бадеӣ дар повести „Як рӯзи дароз“-и Ӯрун Кӯҳзод», «Таркиби замони бадеӣ дар адабиёти классики форсӣ-тоҷикии асрҳои X—XI» ва рисолаи «Маърифати замон» мебошад, ки соли 1996 аз нашр баромадааст.

Абдуҷаббор Раҳмонов, дар таҳияи барномаҳои таълимӣ барои донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик, таърих ва шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуда, бо қалами ӯ барномаҳои «Адабиёти садаи ХХ-и форсии тоҷикӣ» бо ҳамроҳии Х. Асозода (соли 1995) ва «Устурашиносӣ» (2007) тааллуқ доранд.

Абдуҷаббор Раҳмонов, дар соҳаи забоншиносӣ низ якчанд мақола таҳия намуда, дар муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок намудааст. Мақолаҳои ӯ доир ба «Омилҳои беҳтар намудани тарҷумаи ислоҳоти ҳуҷҷатҳои расмӣ», « Нақши забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолият», «Забон ва Истиқлоли миллӣ», «Назари устод Айнӣ доир ба рушди забони адабии тоҷик» ва ғайраҳо аз ҳамин қабиланд.

Мақолаҳои Абдуҷаббор Раҳмонов, бо забони русӣ ва англисӣ низ ба чоп расидааст. Рисолааш бо номи «Назария ва сайри таърихии устура ва устурапардозиҳо дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ» соли 2009 бо хатти форсӣ дар нашриёти «Мадраса»-и Ҷумҳурии Исломи Эрон аз чоп баромад. Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон рисолаи номбурдаро бо унвони «Пиндорҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷикӣ» ба хатти форсӣ бо таҳриру иловаҳо соли 2011 аз чоп баровада, пешниҳоди форсизабон намуд.

Хадамот дар бахши маориф ва фарҳанг вироиш

Абдуҷаббор Раҳмонов, дар рушди маорифи Тоҷикистон хидмати шоиста намуда, доир ба проблемаҳои соҳаи маориф мақолаҳои зиёд таълиф намудааст. Вай ба ислоҳот ва таҷидгароии зинаҳои мухталифи таҳсилот оғоз намуда, дар ин самт бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳо ноил гардидааст. Рисолаи вай «Дирӯз ва имрӯзи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ҳаммуллифии А. Расулов, Қ. Қодиров, Х. Афзалов таълиф шудааст, доир ба таърихи ташаккули маориф ва рушди он дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маълумот медиҳад. Дар рисолаи таълимӣ-ахлоқии вай «Одоби салом» бошад, арзиши ахлоқии «салом» барои наврасон ва навҷавонон шарҳ дода шудааст. Абдуҷаббор Раҳмонов инчунин дар таълифи як қатор қонунҳое, ки дар соҳаи маориф тасдиқ гардидаанд, иштирок намуда, дар таҳия ва таълифи барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳои соҳаи маориф бевосита ширкат намудааст. Мақолаҳои ӯ дар бораи ислоҳоти соҳаи маориф, низоми маблағгузорӣ дар ин соҳа ва инчунин рушди инноватсия ва илм дар системаи таҳсилоти олии касбӣ дар маҷмӯаи мақолаҳо ва маҷаллаҳои соҳаи маориф нашр гардидаанд.

Номбурда дар соҳаи фарҳанг низ якчанд мақола таҳия карда, дар бораи чеҳраҳои зиёди фарҳангӣ мазмунҳои алоҳида таълиф кардааст. Мақолаҳои вай дар бораи асарҳои драмавии Юнони қадим, рассомони машҳур, асарҳои драматургони тоҷик, нақши эҷодкорон дар рушди саҳнаи тоҷик ва ғайра дар матбуоти даврӣ нашр шудааст. Бо ташаббуси вай лоиҳаи китоби «Муқаддимаи низоъшиносӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ амалӣ шуда, соли 2006 аз чоп баромадааст, ки муқаддима, ва боби «Фарҳанг ва низоъ»-и он ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Ҷоизаҳо вироиш

Абдуҷаббор Раҳмонзода бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1977?), ордени «Шараф», (2006), Медали «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон» (2011), «Ифтихорнома»-и Кумитаи иҷроияи кишварҳои аъзои ИДМ (2012), «Диплом»-и Агентии Федералии ҳамкориҳо бо кишварҳои ИДМ-и Федератсияи Россия (2014) мукофотонида шудааст.

Абдуҷаббор Раҳмонзода аз соли 2013 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул гардидааст

Осор вироиш

  • Пиндорҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷик. — Душанбе, 1999;
  • Назария ва сайри таърихии устурасозии форси тоҷикӣ. — Душанбе, 1999;
  • Заминаҳои асотириву маросмӣ дар адабиёти нимаи аввали садаи ХХ. — Душанбе, 2004;
  • Шамсиддин Шоҳин ва анъанаи ғазалсароӣ дар адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри XIX ва авали асри ХХ — Душанбе, 2006.

Эзоҳ вироиш

  1. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмонов А.А.(тоҷ.). www.president.tj. 14 марти 2018 санҷида шуд.
  2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъйин намудани Раҳмонов А.А.(тоҷ.). www.president.tj. 14 марти 2018 санҷида шуд.
  3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ озод намудани Раҳмонов А.А.(тоҷ.). www.president.tj. 14 марти 2018 санҷида шуд.
  4. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин намудани Раҳмонов А.А.(тоҷ.). www.president.tj. 14 марти 2018 санҷида шуд.
  5. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод намудани Раҳмонзода А. А.. president.tj. Президенти Тоҷикистон. 6 май 2021 санҷида шуд.
  6. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъйин намудани Раҳмонзода А. А.. president.tj. Президенти Тоҷикистон. 6 май 2021 санҷида шуд.

Адабиёт вироиш

Пайвандҳо вироиш