Раҷабмо Бадридинова

Раҷабмо Ҳабибулоевна Бадридинова 25 ноябри соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1988 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Фаъолияти кориашро соли 1989 ба ҳайси Юристконсули фабрикаи дӯзандагии шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои Ёрдамчии судя, мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, роҳбари дастгохи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрванди ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи майи соли 2010 дар вазифаи Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии Дастгоҳи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Раҷабмо Бадридинова
Раҷабмо Ҳабибулоевна Бадридинова
Таърихи таваллуд 25 ноябри соли 1965
Зодгоҳ Душанбе

Ба рӯйхати номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешбари шуда буд[1]

Сарчашма вироиш

  1. Сомонаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон. 11 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 апрели 2015.