Ришод Нурӣ Гунтекин

Ришод Нурӣ Гунтекин (25.11.1889, Истанбул — 7.2.1956, Лондон) — нависанда, драматург, тарҷумон ва адабиётшиноси турк.

Ришод Нурӣ Гунтекин
тур. Reşat Nuri Güntekin
Таърихи таваллуд: 25 ноябр 1889(1889-11-25)[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 7 декабр 1956(1956-12-07)[3][4] (67 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: диплумот, румоннавис, сиёсатмадор, намоишноманавис, нависанда, насрнавис
Забони осор: туркӣ[5][6]
Имзо: имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Зиндагинома

вироиш

Дар ташаккули шахсияти ӯ падараш (пизишки низомӣ ва донандаи забонҳои форсию арабию фаронсавӣ) нақши муассир доштааст. Хатмкардаи факултаи адабиёти Донишгоҳи Истанбул (1912). Дар чанд мактаби Истанбул аз адабиёту забони туркӣ ва фалсафа дарс додааст. Сипас (солҳои 1933-43) намояндаи парлумон, бозраси Вазорати омӯзишу парвариши миллӣ (1947), ройзани фарҳангӣ дар Порис ва ҳамзамон намояндаи ҳукумати Туркия дар ЮНЕСКО (1950) буд. Ришод Нурӣ Гунтекин дар поёни Ҷанги якуми ҷаҳонӣ бо тахаллуси Ҷамол Неъмат вориди саҳнаи адабиёт шуда, як силсила ҳикоёт ва нахустин повесташро бо номи «Дӯсти дерина» (1917) таълиф намуд. Дар нахустин асарҳояш («Дӯсти дерина»; «Ханҷар», 1918; «Гули харобаҳо», 1918; намоишномаҳои «Қаҳрамони воқеӣ», 1918; «Сангпора», 1926 ва ғ.) норасоиҳои маъмули ҷамъияташро фош сохтааст. Ришод Нурӣ Гунтекин дар адабиёти турк бори нахуст тавассути роману повестҳояш шаҳрҳои музофотӣ, аз ҷумла Анталия ва рустоҳои дурафтодаи кишварашро воқеъгароёнаву ба сурати ҷомеъ ба тасвир кашид. Чунончи, дар романи машҳури ӯ «Чаманоро» («Çalıkuşu», 1922, баргардони тоҷикӣ — 1965, соли 1966 аз рӯи он филме бардошта шуд) сарнавишти муаллимаи ҷавоне дар Анталия қаламдод шудааст. Ришод Нурӣ Гунтекин ҳамчунин ба мавзӯъҳои ҳассоси мушкилоти хонавода, равобити шахсиятҳову ҷомеа даст зада, рӯҳониёнро фошу маҳкум мекунад. Дар романи «Шаби сабз» (1928) Ришод Нурӣ Гунтекин муборизаҳои миллию озодихоҳии мардуми туркро бозтоб кардааст. Бархе аз асарҳои ӯ дар рӯҳияи сентименталистӣ офарида шудаанд. Осори Ришод Нурӣ Гунтекин дар 24 ҷилд мураттабу чоп гардидааст (1958-61); ӯ муаллифи 19 роман, 7 маҷмӯаи ҳикояҳо, даҳҳо намоишномаву осори тарҷумашуда мебошад. Аз ҷумла китобе дорад бо номи «Лев Толстой, ҳаёт ва эҷодиёти ӯ» (1933).

Адабиёт

вироиш
  • Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 2. Д., 1980;
  • Алькаева Л. О. Очерки по истории турецкой литературы 1908—1939 гРишод Нурӣ Гунтекин М., 1959.