Рустам Бердиев
Бердиев Рустам Намозович (тав. 8 феврали 1975, Душанбе) — ҷарроҳи асаб, доктори илмҳои тиб (2006), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2009).
Таърихи таваллуд | 8 феврал 1975 (49 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Алма-матер | Институти давлатии тиббии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2009) |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултети муолиҷавии ДДТТ (1997). Ходими хурди илмӣ (1991-93) ва корманди Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина (1994-97). Ординатори клиникии кафедраи ҷарроҳии асаби ДДТТ (1997-98), ҷарроҳи асаб (1998—2007), мудири шуъбаи ҷарроҳии асаби кӯдакони Маркази миллии тиббӣ (2007—2012), дотсент (аз 2010) ва мудири кафедраи ҷарроҳии асаби ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (аз 2012). Дар мавзӯи «Осеби косахонаи сару майна бо ҷараёни вазнини клиникӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Зиёда аз 50 таълифоти илмӣ дорад.
Осор
вироиш- Черепно-мозговая травма с тяжелым клиническим течением//Вестник хирургии им. И. И. Грекова. № 6, 2005;
- Сравнительная характеристика распределения гидратации в различных структурах головного мозга// Судебно-медицинская экспертиза. № 6, 2006;
- Особенности клиники и диагностики постравматических хроничес-ких субдуральных гематом // Здравоохранение Таджикистана. № 4, Д., 2007.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бердиев Рустам Намозович // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.