Рӯзи байнулмилалии ёдгориҳо ва маконҳои таърихӣ

Рӯзи байналхалқии ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ англ. International Day For Monuments and Sites- 18 апрел ҷашн гирифта мешавад. Ин сана аз ҷониби Маҷмааи Шӯрои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои тамошобоби таърихӣ (ИКОМОС) назди ЮНЕСКО соли 1983, бо мақсади ҷалби ҷомеаи башар барои ҳифзи мероси умумибашарии фарҳангӣ муайян карда шудааст. Бори нахуст "Рӯзи байналхалқии ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ" 18 апрели соли 1984 дар мамолики дунё таҷлил гирифта шудааст.

Дар "Рӯзи байналхалқии ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ" дар давлатҳои ботамаддун конфронсҳо ва чорабиниҳои ҷамъияти доир ба мавзӯи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва ҷойҳои таърихӣ баргузор гардида, осорхонаҳо дарҳои хешро ройгон ба ҳамаи хоҳишмандон боз мекунанд.

Нигаред низ вироиш

Манобеъ вироиш