Саидиён Ҳикматуллоҳ

Саидиён Ҳикматуллоҳ — сиёсатмадор, муассис ва Раиси Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон, муассиси сомонаи "Хабарнигори Рашт", узви хабарнигорони байналмилал, узви Кумитаи Тадорукоти Эътилоф ва ҷонишини Раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон ва устоди забони давлатӣ дар ДДСТДТ.

Саидиён Ҳикматуллоҳ
Таърихи таваллуд

1958

Зодгоҳ

деҳаи Қадиҷӯйбори ноҳияи Шаҳринав, ҶШС Тоҷикистон

Ҳолнома

Саидиён Ҳикматуллоҳи Қувватзода 12 декабри соли 1958 дар деҳаи Қадиҷӯйбори Ҷамоати Сабо- и ноҳияи Шаҳринав дар оилаи тоҷири тоҷикон таваллуд ёфта аст. Дар мактаби миёнаи № 59 - и деҳа ба номи Носири Хусрав таҳсил намудааст. Баъди хатми мактаби миёна дар корхонаи консервабарории Шаҳринав ба сифати ҳаммол ба кор сар карда, чанд муддат дар ноҳияи Рашт сардори китобхонаҳои ноҳия шуда кор кардааст. Аз соли 1978 то охири 2000 - ум аз коргари қаторӣ то мудири шӯъбаи фурӯши маҳсулоти пунба ва сармуҳандиси идораи Пойгаҳи фурӯши маҳсулоти пунбаи Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Баъди барҳамхӯрии корхона дар Роҳи Оҳани Тоҷикистон ба сифати мудири Ароба - Тарабхонаи қатораи Душанбе - Маскав таъин мешавад. То ҳоло ба сиёсат ва тиҷорат сару кор дорад. Инчунин муассиси ОЖОНСИ иттилоъотии "Хабарнигори Рашт" аст. Дар ҷавонӣ ба сиёсат даст зада ва яке аз асосгузорони ҷамъияти мардумии "Растохез" ва аз феврали 1990 узв, ҳамзамон мудири шуъбаи оид ба миллат ва дини Ҳизби Демократии Тоҷикистон будааст. То 2001 ъузви садорати Ҳизби Демократии Тоҷикистон буд. Дар дохили ҲДТ бузургманишии баъзе мансабхоҳон пайдо шуд, Саидиён Ҳикматуллоҳ бо ҷамъи 5 нафар ъузви садорат Ҳизби Демократии Тоҷикистон (аз 9 ъузви садорат) ҲДТ - ро тарк гуфта 13.11.2001 даст ба ташкили ҳизби нав - Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон заданд ва муваффақ ба созмон додани Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон гардиданд. Аз 24 апрели 2015 изҳороте дод ҳамчун Раиси ҲВТ барои пайвастан ба ҲДТ ва ҲВТ бо ҲДТ пайваст бо шумули 5 000 аъзо. Саидиён Ҳикматуллоҳ ба симати ҷонишини Раиси ҲДТ интихоб гардид. Инчунин, Ҳ. Саидиён асосгузори Иттиҳоди Нерӯҳои Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон аст.

Эзоҳ