Сайдамир Зуҳуров
Сайдамир Зуҳуров (тав. 20 феврали 1951, ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — ходими давлатии тоҷик, Сипаҳсолор/генерал-полковник (2002), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002).
Зуҳуров Сайдамир Зуҳурович | |
| |
2006 — 2016 | |
Нахуствазир | Қоҳир Расулзода |
Президент | Эмомалӣ Раҳмон |
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
|
1999 — 2005 | |
Нахуствазир | Оқил Оқилов |
Вазири амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
|
1996 — 1999 | |
Нахуствазир | Яҳё Азимов |
Ҷонишин | Хайриддин Абдураҳимов |
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
|
1995 — 1996 | |
Таваллуд |
20 феврал 1951 (73 сол) |
Ҷоизаҳо | |
Хидмати сарбозӣ | |
Рутба | Сипаҳсолор/генерал-полковник |
Зиндагинома
вироишХидмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС (1969-71). Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1975). Омӯзгори фанни таърих дар яке аз мактабҳои ноҳияи Фархор (1975‒77). Аз соли 1977 дар мақомоти амнияти давлатии ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таҳсил дар курсҳои олии Комитети амнияти давлатии ИҶШС (1977-78) ва Институти разведкаи Комитети амнияти давлатии ИҶШС (ҳоло Академияи ба номи Ю. В. Андропови ш. Маскав; 1981-82). Корманди Намояндагии Комитети амнияти давлатии ИҶШС дар Афғонистон (1983-85). Корманди фаврӣ, сардори шуъбача, муовини сардори шуъбаи Комитети амнияти давлатии ЧШС Тоҷикистон (1985-89), корманди фаврии дастгоҳи маркази Комитети амнияти давлатии ИҶШС (1989-91). Муовини сардори раёсати КАМ дар минтакаи Кулоб (1991-92), раиси Комитети давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992-95), Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995-96), Вазири амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996-99), муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999—2005), раиси Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳадди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005-06), сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006-16).
Аз соли 2016 дар нафақа.
Ордену ҷоизаҳо
вироишБо орденҳои Байрақи сурх (1989), Барои шуҷоати шахсӣ (1993), Спитамен (дараҷаи 1; 2013), Исмоили Сомонӣ (дараҷаи 2; 2006), Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС (1988), зиёда аз 20 медали Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Зуҳуров Сайдамир // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.