Сайидмуҳаммадхоҷаи Бебок
Бебок форсӣ: بیباک, Саййидмуҳаммадхоҷа ибни Аҳмадхоҷа (с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири тоҷик (а. 19).
Саййидмуҳаммадхоҷа ибни Аҳмадхоҷа | |
Тахаллусҳо: | Бебок بیباک |
Таърихи таваллуд: | садаи XIX |
Зодгоҳ: | Бухоро |
Маҳалли даргузашт: | Бухоро |
Навъи фаъолият: | шоир |
Жанр: | Ғазал қасида, рубоиёт, мухаммас |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Зиндагинома
вироишДар Бухоро ба дунё омада, дар ҳамин ҷо ба камол расидааст. Пас аз хатми таҳсили мадраса мударрис шуд ва ба шеъру шоирӣ низ шуғл меварзид. Бо тахалл. «Бебок» ва дар охирҳои умраш «Назим» шеър иншо мекард. Аз Бебок то замони мо ду девони ашъор боқӣ мондааст, ки дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ маҳфузанд. Дар девони Б. ғазалҳо, қасидаҳо, мухаммасҳо, рубоиёт, манзумаҳо (маснавӣ), қитъаҳои таърихӣ, «Соқинома» ва ғ. фароҳам омадаанд. Мавзӯи ашъори Б. ишқу муҳаббат, шикоят аз замона, тарғиби ахлоқи ҳамида ва ғ. мебошанд. Ғазалиёти Бебок бештар дар тақлиди Мирзо Абдулқодири Бедил гуфта шудаанд. Аммо ӯ ба Бедил дуруст пайравӣ кардан натавонистааст. Ин ҳолатро на танҳо аз мазмуни ашъор, балки аз сабку услуб, тарзи нигориши ӯ ошкор метавон кард.
Бебок сувари (образҳои) ашъори Бедилро хароб кардааст, дар истифода аз калимаҳову ибораҳо, таносуб, мантиқи сухан, воситаҳои тасвири бадеӣ (ташбеҳ, истиора ва ғайра) саҳлангорӣ намудааст. Масалан, ӯ мегӯяд:
Дар ин маҳфил, ки бозад ранги тоқат парфишониҳо,
Чӣ сон ҷавлон кунад бисмил ғубори нимҷониҳо.
Чӣ гӯям, нест имкони тахайюл парфишон созам,
Аз он кишвар, ки азми ҷода бахшад бенишониҳо.
Ба ранги шуълаи ҷавволи мавҳум аст таъмирам,
Қафас бар пой бунёдам, чӣ донам ошёниҳо?...
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бебок / М. Диловаров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Ҳодизода Р.. Адабиёти тоҷик дар нимаи дуввуми асри XIX. Д., 1968;
- Шоирони Мовароуннаҳр (аз Рӯдакӣ то Айнӣ). Д., 2006.