Open main menu

Самойленко Анатолий Михайлович

Самойленко Анатолий Михайлович (укр. Анато́лій Миха́йлович Само́йленко - (тав. 2 январи 1938 Украина), олими украин ва шӯравӣ, доктори илмҳои физикаю математика (1968), профессор (1974). Аз соли 1978 узви вобаста, с. 1995 академик, с. 1988 -1998 Директори Институти математикаи Академияи миллии илмҳои Украина. Аз соли 2006 академик-котиби шуъбаи математикаи Академияи миллии илмҳои Украина. Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (2011).

Самойленко Анатолий Михайлович
Самойленко Анатолий Михайлович
Санаи таваллуд:

2 январи 1938

Зодгоҳ:

Украина

Мамлакат:
Фазои илмӣ:

олим

Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои физика ва метематика[d]

Алма-матер:
Ҷоизаҳо:

ЗиндагиномаВироиш

Самойленко Анатолий Михайлович соли 1960 факултети механикаю математикаи Донишгоҳи Киев ба номи Т.Г. Шевченкоро бо ихтисоси “математика”, с. 1963 аспирантураи Институти математикаи Академияи илмҳои Украинаро хатм кардааст, Солҳои 1963-1974 ба ҳайси ходими илмӣ дар Институти математикаи Академияи илмҳои Украина фаъолият намудааст. Солҳои 1974-1987 ба ҳайси мудири кафедраи Донишгоҳи Киев ба номи Т.Г. Шевченко кор кардааст. Соли 1987 мудири шуъба ва аз соли 1988 то 1998 Директори Институти математикаи Академияи миллии илмҳои Украина буд. Солҳои 1998-2011 мудири кафедраи Институти политехникии Киев. Аз соли 2006 академик-котиби шуъбаи математикаи Академияи миллии илмҳои Украина. Аъзои фахрии чандин Академияҳои илмии давлатҳои хориҷӣ аст.[1].

МукофотВироиш

  • Ордени “Дӯстии халқҳо”,
  • Ходими шоистаи илм ва техникаи Украина (1998),
  • Дорандаи ҷоизаи давлатии Украина доир ба илм ва техника (1985, 1995)

МанобеъВироиш

Пайвандҳои берунаВироиш

  1. [ http://imath.kiev.ua/~sam/ Сомонаи шахсӣ]