Сангинбой Қурбонов

Сангинбой Қурбонововозхон, оҳангсоз-таронасоз, сарвари гурӯҳи ҳунарии «Борбад». Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сангинбой Қурбонов
Сангинбой Қурбонов
Таърихи таваллуд 1953(1953)
Зодгоҳ деҳаи Сӯфиён ноҳияи Панҷакент
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) сароянда

Зиндагинома вироиш

Фориғуттаҳсили мактаби махсуси мусиқӣ ва Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе (1972) буда, фаъолияти эҷодию иҷроияшро дар Ансамбли давлатии рақсии «Лола» (1974-1978) оғоз намуда, сипас чун иҷрокунанда (мутриб) дар дастаи тарона ва рақсии Филармонияи давлатии ҶШС Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии СССР Ҷӯрабек Муродов (1978-1992) ҳунарнамоӣ кардааст. Сангинбой Қурбонов муассиси Иттиҳодияи эҷодии Борбад (1989, дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев) буда, барномаи мусиқии «Наврӯзи Аҷам», таҳиягари консерти устоди мусиқии Эрон Муҳаммадризо Шаҷараён дар Кохи Борбад (1990) ва ғ. аст.

Эҷодиёт вироиш

Сангинбой Қурбонов дар заминаи «Шашмақом», «Фалак», «Ҳафтдастгоҳ» (эронӣ), осори мусиқии мардумӣ (марвӣ, созандаҳо), равиши нави пардабандии созҳо (ҷӯри бостонӣ) ба эҷоди 28-суруд, тарона комёб шудааст. Таснифоти Сангинбой Қурбонов «Сорбон», «Гиря», «Таманнои бис-мил», «Куҳанбоғ», «Ёд бод», «Модар», «Маст ман», «Зиндагӣ», «Сардафтари ошиқон», «Дарё равон аст», «Падар», «Асири зулф» ва ғ. дар иҷрои сарояндагони номвар барои хазинаи мусиқии радиои тоҷик сабт шудаанд. Сангинбой Қурбонов иштирокдори чандин ҷашнвораю Симпозиуми байналмилалии мусиқӣ (Душанбе, 1990, Эрон, 1997), бо барномаҳои хоса дар ҳайати устодони мусиқӣ ба Ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, мамолики хориҷӣ: Ҷопон (1985), Ҳиндустон (1992), Олмон (1994, 1998) ҳунарнамоӣ карда, дар камолоти ҳунарии сарояндагон Озода Ашӯрова, Қурбон Абдуллоев, Ғаюр Ашӯров, Бахтиёр Эшонов, Искандар Валиев, Матлабшоҳ Мавлонов ва диг. саҳми хоса дорад.[1]

Адабиёт вироиш

  • Таджикская музыка. - Душанбе, 2003.

Ҳамчунин нигаред вироиш

Сарчашма вироиш

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. – C. 115 ISBN 978-99947-49-13-3