Сарой
Сарой — деҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 31 км. Аҳолиаш 2253 нафар (2010), тоҷикон. Аз 247 хоҷагӣ иборат аст. Дар сари роҳи Файзобод - Роғун воқеъ гардидааст. Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонаи саломатӣ, 28 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 3 мағоза, чойхонаи ҷамъиятӣ ва масҷиди панҷвақта дорад. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ, картошкапарварӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳои кӯҳӣ обёрӣ мешаванд.[1]
Деҳаи Сарой | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
Ноҳия | Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Мискинобод |
Аҳолӣ | 2253 нафар (2010), тоҷикон |
Хоҷагӣ | 247 |
Эзоҳ
вироиш- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.