Сафияи Носир – нависанда, дорандаи нишони «Сухан». Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Аълочии маорифи Тоҷикистон.

Сафияи Носир
Сафияи Носир
Таърихи таваллуд: 11 феврал 1942(1942-02-11) (82 сол)
Зодгоҳ: Самарқанд
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда
Жанр: ҳикоя, роман
Забони осор: забони тоҷикӣ
Ҷоизаҳои адабӣ: Аълочии маорифи Тоҷикистон, нишони «Сухан»

Зиндагинома

вироиш

Сафияи Носир 11 феврали соли 1942 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи №15 таҳсил ва Донишгоҳи давлатии ба номи Алишери Навоиро хатм кардааст. Соли 1962 Душанбе омада, дар маҷаллаи «Машъал» ба кор шурӯъ намудааст. Аз соли 1965, баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд муддатҳои тулонӣ дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло "Анбоз"), «Комсомоли Тоҷикистон», моҳномаҳои «Занони Тоҷикистон» ва «Чашма» фаъолияти босамар дошт. То нафақа баромадан дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон»-у «Комсомоли Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Машъал», «Занони Тоҷикистон» (ҳозира «Фирӯза»), «Чашма» ва Кумитаи давлатии радиову телевизони ҷумҳурӣ кор кардааст. Айни ҳол Сафияи Носир давлати пирӣ меронад, вале илҳоми ӯ ҳанӯз ҷавон аст ва тозатарин чакидаҳои хомааш пайваста манзури ихлосмандони калом мегарданд.[1]

Эҷодиёт

вироиш

Ҳикояи аввалини ӯ «Мукофоти ишқи пок» соли 1962 дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» ва маҷмӯаи «Мужда» дарҷ гардидааст. Минбаъда ҳикояҳои ӯ дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва баёзу маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд. Маҷмӯаҳои «Мӯъҷизакорони кӯчак», «Мукофоти ишқи пок», «Танӯри осмон», «Минбари насим», «Гаҳворабандон» ва «Сози муҳаббат» ба қалами Сафияи Носир ба табъ расида, писанди хурду калон гаштааст. Сафияи Носир чуноне ки арз доштем, солиёни дароз дар ташкилоту муассисаҳое кор кардааст, ки бештари фаъолияти кориаш ба кӯдакону наврасон вобаста буд. Бинобар ин хислати бачаҳоро хуб медонад ва дар бораи онҳо табииву самимӣ менависад. Илова бар ин Сафияи Носир тавассути қисса ва ҳикояҳои тарбиявии худ ҳаёти занон, ахлоқу одоби ҳамидаи эшон, ҷаҳони маънавию сарфаю сариштакорӣ ва покдомании онҳоро хеле моҳиронаву зебо ба қалам додааст. Барои нигоҳ доштани расму ойину суннатҳои миллӣ низ қиссаҳои зиёде ба қалами ин бонуи ҳунар рӯи чоп омадааст (ниг. Фирӯза (маҷалла) ва диг нашриҳо), ки аз ҷониби ҳаводоронаш баҳои баландро сазовор гардидааст.Соли 1990 қиссаи «Мӯъҷизакорони кӯчак»-аш дар шакли китоби алоҳида ба дасти хонандагон расидааст. Маҷмӯаи ҳикояҳояш «Мукофоти ишқи пок» (1997), «Танӯри осмон» (2001), «Духтаре аз гӯшаи фаромӯшӣ» (2004) интишор ёфтаанд. Соли 2005 «Минбари Насим» ном китоби дигари ӯ ба дасти чоп расидааст, ки дар он аз «машғулияти фориғи кор»-и ҳамсараш – нависанда Насим Раҷаб бо зарофату самимият ҳикоят кардааст. Баъдан маҷмӯаи ҳикояҳояш «Сози муҳаббат» (2012), «Гаҳворабандон» (2013), «Зарофаяки нодон» (2013) рӯи чоп омадаанд. Муаллифи романҳои «Садди Искандар», «Заркосаи шикаста», қиссаҳои «Зиндашӯю мурдашӯ» ва «Қосиди хиёнатгар» мебошад. Чанде аз офаридаҳояш ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шудаанд. Худаш баъзе асарҳои адибони рус ва ҷумҳуриҳои дигари шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст.[2]

  1. Муъҷизакорони кӯчак. Қисса. - Душанбе, Адиб, 1990. – 80 с.
  2. Мукофоти ишқи пок. Хикояҳо. Душанбе: Афсона, 1997.- 128 с.
  3. Танӯри осмон. Ҳикояҳо. Душанбе, 2001. -78 с.
  4. Минбари Насим. - Душанбе: Деваштич, 2004.-64 с.
  5. Духтаре аз гӯшаи фаромӯшӣ. Маҷмӯаи ҳикояҳо.- Душанбе: Адиб, 2004.- 148 с.
  6. Минбари Насим. - Душанбе: Шарқи озод, 2005, - 62 с.
  7. Гаҳворабандон. - Душанбе: ТҶБ Истиқбол, 2013.- 9 с.
  8. Сози Муҳаббат. Қиссаву ҳикояҳо.- Душанбе: ТҶБ Истиқбол, 2012. – 274 с.[3]

Ҷоизаҳо

вироиш

Манобеъ

вироиш
  1. Сафияи, Носир. Духтаре аз гӯшаи фаромӯшӣ. Маҷмӯаи ҳикояҳо.- Душанбе:Адиб, 2004.- 148 с.
  2. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 167 ISBN 978-99947-2-379-9
  3. Гулбаргҳои меҳр: Маълумотномаи библиографӣ барои синни миёна ва калони мактабӣ./Мураттибон: Авғонов Қурбон, Юсупова Муҳаббат; Муҳаррир Шаҳрия Адҳамзод. - Душанбе, 2013, - с. 17