Сахидод Раҳматуллоевич Хоркашев (тав. 27.10.1964, деҳаи Қизилиттифоқи ноҳияи Қубодиён), забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (1996), дотсент (2007), узви Конфедератсияи байналмилалии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1996).

Сахидод Хоркашев
Сахидод Раҳматуллоевич Хоркашев
Таърихи таваллуд 27 октябр 1964(1964-10-27) (59 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Қубодиён , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Зиндагинома вироиш

Солҳои 1982–1989 дар факултети забонҳои шарқии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1984–1986 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат намудааст. Солҳои 1989–1991 лаборанти шуъбаи диалектологияи Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶТ, 1991–1994 аспирант, 1994–2003 ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ ва ходими калони илмии институти номбурда, 2003–2004 муҳаррири маҷаллаи кӯдаконаи «Бойчечак» буд. Солҳои 2005–2007 ҳамчун ёрдамчӣ ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ оид ба корҳои тарбиявӣ, 2007–2010 мудири кафедраи забони тоҷикии донишгоҳи номбурда кор кардааст. Аз соли 2010 то ба имрӯз декани факултети филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Оид ба роҳҳои калимасозии шеваҳои забони тоҷикӣ, этнолингвистика ва усули таълими забони тоҷикӣ тадқиқоти илмӣ анҷом додааст. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ, дастурҳои таълимиву методӣ, аз ҷумла «Такмили тадриси забони тоҷикӣ» (2007), «Пажӯҳиш ва дастовард» (2007), «Маҷмӯаи илмию методӣ» (2009) мебошад. Муҳаррири асарҳои зиёди илмӣ аст. Дар конференсияҳои мухталифи илмии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ вобаста ба масъалаҳои забоншиносӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Барои хидматҳояш дар пешрафту инкишофи соҳаи маориф бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010) ва ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.

Осор вироиш

Калимасозии исм бо пасвандҳо, Д., 2010; Идоракунии ҷузъу томҳо дар шароити осоишта, Д., 2010; Феҳристи адабиёти шевашиносӣ (Воситаи таълимӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2010; Ошёни сухансароён (ҳолномаи адибони хатмкардаи донишгоҳ), Д., 2011; Ихтисораҳо дар «Шоҳномаи Фирдавсӣ» // Фарҳанг, №3, Д., 1995; Вожаи духтар – воҳиди этнолингвистӣ // Фарҳанг, №11–12, Д., 2002; Моро кӣ забондон мекунад // Роҳнамо, №12–13 (49), Д., 2003; Мавқеи фразеологизмҳо дар ашъори Маликушшуаро Тақии Баҳор // Ҷавонон ва ҷаҳони андеша, Д., 2005; Роҳу воситаҳои ифодаи ҷинсият ва падежҳои забони русӣ дар забони тоҷикӣ // Такмили тадриси забони тоҷикӣ (маводи конференсияи байналмилалӣ), Д., 2005; Усулҳои тадриси пешояндҳои забони тоҷикӣ дар гурӯҳҳои русӣ // Актуальные проблемы преподавания государственного языка и других народных языков. (Материалы международной научной конференции, посвященной 10-летию образования РТСУ и году арийской цивилизации), Д., 2006; Ҷойгоҳи зарбулмасалу мақол дар ашъори Маликушшуаро Тақии Баҳор // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, №1 (35), Д., 2010; Пасвандҳое, ки исми маънӣ месозанд // Ахбороти АИ ҶТ (шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ), Д., 2009, № 2.

Пайвандҳо вироиш