Саёҳат Неъматова - рӯзноманигор ва наттоқи Телевизиони Тоҷикистон, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, Узви Конфедератсияи журналистони Россия.

Саёҳат Неъматова
Саёҳат Неъматова
Таърихи таваллуд 1956(1956)
Зодгоҳ ноҳияи Самарқанд
Ҷоизаҳо

Зиндагинома

вироиш

Бахши журналистикаи факултети филологияи УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст. Муҳаррир, сармуҳаррири барномаҳо барои наврасон ва ҷавонони Телевизиони Тоҷикистон (1979-1987), директори барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон (1987-1992), ҷонишини раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Совети Вазирони Тоҷикистон (1993-1995), мушовири Дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995-2000) буд. Аз с. 2001 дар Москва истиқомат мекунад – сардори бахши муносибатҳои байналхалқии ширкати холдингии “Оптима-Проект” (Маскав) буд.

Эҷодиёт

вироиш

Барномаҳои “Дугонаҳо”, “Боз як барномаи ҷавонӣ”, “Ватан ва фарзандон”, “Муҳаббат ва оила” ва ғ. аз офаридаҳои ӯст. Муаллифи филмҳои телевизионии “Тоҷикони дунё”, “Ҷои шумо холист”, “Шоҳроҳи сулҳ” ва диг.

Нигаред низ

вироиш

Манобеъ

вироиш