Гурев Семён Емелянович (русӣ: Семён Емелья́нович Гу́рьев) — риёзидон ва механики рус, академики ординарии АИ Петербург (1798), узви АИ Русия (1800).

Семён Гурев
Таърихи таваллуд 21 сентябр 1766(1766-09-21) ё 1766[1]
Таърихи даргузашт 23 декабр 1813(1813-12-23) ё 1813[1]
Кишвар
Фазои илмӣ ҳандаса, таҳлили риёзӣ[d], механика ва риёзиёт[1]
Алма-матер

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Корпуси артиллерӣ ва инженерии Санкт-Петербург (1778-84). Илми ҳидравликаро дар Англия омӯхтааст (1792). Дар муассисаҳои олии таълимии Санкт-Петербург омӯзгори фанҳои математика, артиллерия ва навигатсия буд. Аз 1798 профессор математика дар Омӯзишгоҳи меъмории киштисозӣ. Таҳқиқоти ӯ ба геометрияи таҳлилӣ ва дифференсиалӣ, таҳлили математикӣ ва механика бахшида шудаанд. Бори нахуст исботи муодилаҳои асосиро дар хатҳои каҷи ҳамвор дар координатаҳои қутбӣ анҷом додааст. Дар ин соҳа китобҳои бисёри таълимӣ таълиф карда, ба масъалаҳои таълими илми математика диққати ҷиддӣ додааст. Дар асарҳои илмиаш Семён Гурев дар таҳлили математикӣ ва геометрия татбиқ намудани назарияи ҳудудҳоро тарғиб намудааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш