Абулҳасан Собит ибни Қурраи Ҳарронӣ (ар. ثابت بن قرة‎; 836[1][2][3], Ҳаррон[d], Сурия, Хилофати Аббосиён ё Harran[d], Вилояти Хатой[3]18 феврал 901 ё 910, Бағдод, Хилофати Аббосиён[4]) — риёзидон, ахтаршинос, пизишк, файласуф.

Собит ибни Қурра
ар. ثابت بن قرة بن مروان
Таърихи таваллуд 836[1][2][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 18 феврал 901 ё 910
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ назарияи ададҳо[d], ахтаршиносӣ, риёзиёт ва механика
Ҷойҳои кор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Зиндагинома

вироиш

Аз табори ситорапарастони бобулӣ буд ва ба забони суриёнӣ сухан мегуфт, аммо забонҳои юнониву арабиро хуб медонист. Собит, ки китобҳои бисёреро аз юнонӣ ба арабӣ тарҷума кардааст, бо ҳидояти писарони Мусо Шокири Хуросонӣ, донишманди бузурге дар риёзиву нуҷум шуд. Осоре дар риёзиёт, дар ҳамвор кардани роҳ барои кашфҳои муҳим ба мисли таъмим додани мафҳуми адад ба аъдоди ҳақиқии мусбат, ҳисоби интегрол, қазоёе дар мусалласоти куравӣ, ҳандасаи таҳлиливу ҳандасаи уқлидусӣ таъсири бисёре доштааст. Дар нуҷум ӯ нахустин касе аст, ки ба ислоҳи дастгоҳи батламиюсӣ пардохт. Дар маконик низ аз бунёнгузорони айстонӣ (истотик) аст. Собит ҳамчунин пизишки мумтозу раҳбари ҷамоъаи соббӣ дар Ироқ буд ва писараш Синон ва нувҳаҳояш Иброҳиму Собит аз донишмандони номии ҷаҳони ислом шуданд.

Осори ӯ иборатанд аз: «Фӣ-т-таълифи-н-насаб», «ал-Муфарравизот», «Олоту-с-соъот», «аз-Захира фӣ улуми-т-тиб» ва «Фӣ ҳисоби руъяти-л-аҳалла».