Сомонаи иттилоъоти ҷуғрофиёӣ

Сомонаи иттилоъоти ҷуғрофиёӣ, СИҶ, ё ҶӣЭйЭс (англ. Geographic Information System — GIS) — сомонаи роёнаӣ барои мудирияту воковии иттилоъоти ҷуғрофиёӣ буда, ки тавонои гирдоварӣ, захира, воковӣ ва намоиши иттилоъоти ҷуғрофиёиро дорад[1]. Ҳадафи ниҳоии як сомонаи иттилооти ҷуғрофиёӣ, пуштибонӣ барои тасмимгириҳои поягузоришуда бар пояи додаҳои ҷуғрофиёӣ мебошад ва амалкарди асосии он ба даст овардани иттилоъотест, ки аз таркиби лояҳои мутафовити додаҳо бо равишҳои мухталиф ва бо дидгоҳҳои гуногун ба даст меоянд.