София Аловудиновна Ҳасанова (тав. 14.03.1935, шаҳри Қурғонтеппа) — файласуфи тоҷик, номзади илмҳои фалсафа (1967), дотсент (1986).

София Ҳасанова
София Аловудиновна Ҳасанова
Таърихи таваллуд 14 март 1935(1935-03-14) (89 сол)
Зодгоҳ Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома вироиш

Соли 1961 факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм намуда, солҳои 1962—1963 дар кафедраи фалсафаи донишкадаи мазкур дар вазифаи мудири кабинет кор кардааст. Солҳои 1963—1966 аспирант, 1966—1972 муаллими калон ва дотсенти кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкобуд. Солҳои 1972—1985 дар вазифаи мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, 1985—1997 дотсенти кафедраи фалсафа ва баъдан кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев кор кардааст. Солҳои 1990—1994 вазифаи декани факултети такмили ихтисоси директорони мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистонро дар назди донишгоҳи омӯзгорӣ ба уҳда дошт. Аз соли 1997 то имрӯз дар Донишгоҳи Россия- Тоҷикистон (Славянӣ) дар вазифаи дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ кор мекунад. Муаллифи зиёда аз 5 асар ва 30 мақолаҳои илмӣ мебошад, ки дар онҳо оид ба масъалаҳои ахлоқӣ-иҷтимоии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, андешаҳои инсондӯстонаи ӯ тадқиқотҳои илмӣ анҷом дода шудааст. Бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001) сарфароз шудааст.

Осор вироиш

Социально-эстические взгляды Фирдауси в его «Шохноме», Д., 1967; Симои маънавии занон дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, Д., 1990; Баъзе масъалаҳои ахлоқ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ // Мактаби Советӣ, № 4, 1966; Ақидаҳои гуманистии Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» //Мактаби Советӣ, № 4, 1966.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш