Баҳоуддин Муҳамад ибни Ҷалолуддин Муҳамад ибни Баҳоуддин Муҳамад (форсӣ: بهاءالدین محمد بن جلال‌الدین محمد بن بهاءالدین محمد‎), маъруф ба Султон Валад (форсӣ: سلطان وَلَد‎) ва мутахаллис ба Валад (1226, Қаромон —1312, Қуния) — фарзанди бузурги Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, шоиру орифи номдор — ва ҷонишину халифаи ӯ дар тариқаи мавлавия аст.

Султон Валад
ар. أحمد بن مُحمَّد بن مُحمَّد بن حُسين القونوي المولوي
Тахаллусҳо: ولد
Таърихи таваллуд: 1 май 1226
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 19 ноябр 1312[1] (86 сол)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: файласуф, шоир, воиз
Забони осор: порсӣ, юнонии бизонсӣ[d], туркии онотулии қадим[d] ва арабӣ

ЗиндагиномаВироиш

Султон Валад дар соли 623 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1226 мелодӣ дар хонаводаи шоири мутасаввиф ва файласуфи машҳури тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ба дунё омадааст. Маълумоти пурраро дар назди падари хеш гирифта, пас аз касби камол ба ҷои падар шайхи силсилаи мавлавия гардид.

Ба қалами Султони Валад девони ашъор, маснавии «Валаднома» (1299—1302) ва рисолаи «Маорифнома» мансубанд. «Валаднома», ки сужети ягона надорад, дорои 25 ҳазор байт буда, аз се қисм- «Ибтидонома», «Рубобнома» ва «Интиҳонома» иборат аст. Дар он вазъҳои Султони Валад оид ба масоили тасаввуфу ирфон дарҷ шудаанд.

Дар қисмҳои 1 ва 3-и «Валаднома» 235 байт ба забони туркӣ («Ашьори салчуқӣ») мавҷуданд, ки сароғози назми туркӣ ба шумор мераванд. (с.таълиф 1301). Дар «Валаднома» байтҳо ба забони юнонӣ ҳам вомехӯранд, ки Султони Валад онҳоро барои шиносонидани юнониён бо таълимоти тасаввуфии худ навиштааст.

Вобаста ба ҳусну қубҳи ғазалиёти Султон Валад гуфтан ҷоиз аст, ки ашъори ӯ дар пайравӣ бар ғазалиёти Мавлоно гуфта шуда, асосан ҳолатҳои рӯҳонӣ ва вазъи дарунии шоир дар онҳо инъикос шудаанд.

Аз зиндагинома ва рӯзгори Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, яъне падари Султон Валад маълум аст, ки шоир бо Шамси Табрезӣ ном орифи ҳақҷӯ дӯстӣ ва пайванде дошт. Чун Мавлоно пас аз бархӯрд бо ин дарвеши ориф аз тадриси мадраса ва сӯҳбати дӯстони пешин даст мекашад, ёрони кӯҳан дар дил ҳасуд мепарваранд ва салоҳи корро дар нобудии Шамси Табрезӣ мебинанд. Хуллас, яке Шамс ба гумномӣ мепайвандад ва Мавлоноро ба фироқи ҳамешагии хеш гирифтор месозад. Ҳеҷ касе, ҳатто Мавлоно дигарбора ӯро наметавонанд дарёфт бикунанд.

Овозаҳо паҳн мегардад, ки Шамс аз дасти ҳасудон ва нотавонбинон кушта шудаву дар ин амал дасти фарзанди Мавлоно низ ҳаст. Аммо ин овозаро худи Султон Валад дар «Валаднома» қатъиян инкор мекунад ва бӯҳтон медонад.

Вафоти Султон Валадро соли 712 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1312 мелодӣ қайд кардаанд.

Аз ғазалиётВироиш

Эй ошиқон, эй ошиқон, девонам, девонам,
Майҳои хумми ишқро паймонаам, паймонаам.
Дар синаам рӯзу шабон мастиву шӯр асту фиғон,
Гӯӣ, ки дар кӯйи ҷаҳон майхонаам, майхонаам.
Ҳастам зи сар то по назар, чун ақли куллам кул хабар,
Ганҷи дилам гарчӣ ба танвайронаам, вайронаам.
Дар бандагӣ шоҳӣ бубин, Юнус дар ин моҳӣ бубин,
Шамъам, ки шуд хуршеду маҳ, парвонаам, парвонаам.
Аз ишқ чун Маҷнун шавад, ҷарқа миёни хун шавад,
Ҳар оқиле, к-ӯ бишнавад афсонаам, афсонаам.
Гар гавҳаре дорӣ, биё дар баҳри ҷон кун ошно
К-аз гайри баҳру мавҷи дил бегонаам, бегонаам.
Гӯяд Валад: Эй мардумон, ҳастам бурун аз ду ҷаҳон,
Гарчи ба сурат андар ин кошонаам, кошонаам.

АдабиётВироиш

  1. Зиёев Х. М. Суфийский орден мавлавия. Душанбе,2007.
  2. Lewis D.F. Rumi. Past & Present, East & West. The Life, Teaching & Poetry of Jalal al-Din Rumi.- Oxford, 2000.
  3. Гулпинорли А. Мавлавия ба’д аз Мавлоно (Мавлавия после Мавлоно).- Тегеран, 1366 х.(на перс. яз.).


  1. هكذا تكلم جلال الدين الرومي — С. 96. — ISBN 978-977-779-064-2