Суне Бергстрём
Суне Бергстрём (номи пурра Карл Суне Детлоф Бергстрём; швед. Karl Sune Detlof Bergström; 10 январи 1916, Стокҳолм — 15 августи 2004, ҳамон ҷо) — биокимиёдони швед, узви АИ Шведсия, узви хориҷии АИ ИҶШС (1976), узви хориҷии АИТ ИҶШС (1982).
швед. Karl Sune Detlof Bergström | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 10 январ 1916[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 15 август 2004[4][2][5][…] (88 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Фазои илмӣ: | зистшимӣ |
Ҷойҳои кор: | |
Алма-матер: | |
Ҷоизаҳо: | |
![]() |
Фаъолияти корӣВироиш
Фаъолияти кориашро дар Институти Каролина (1934) аз омӯзиши моддаи кимиёии гепарин (таҳти роҳбарии Эрик Йорпес) оғоз намудааст. Ба ҳайси корманди илмӣ дар донишгоҳҳои Бернск, Лунда, Каролина фаъолият намуда, оид ба кимиё ва биокимиёи простагландинҳо таҳқиқот анҷом додааст. Проф. (1958), декани факултети тиббӣ (1963-66), ректори Университети Каролина (1969-77) буд. Зери роҳбарии Б. сохтори асосии простагландинҳо муқаррар, биосинтез ва мубодилаи онҳо дар организми ширмакҳо му-айян карда шудааст. Соли 1982 ҳамроҳи Самуэлсон ва Ҷон Вейн барои кашфи простагландинҳо ва моддаҳои фаъоли ба онҳо монанд сазовори Мукофоти нобелӣ гардид.
ЭзоҳВироиш
- ↑ BERGSTRÖM, K SUNE D // http://runeberg.org/vemarvem/sthlm62/0156.html / зери таҳрири P. Harnesk — 1962.
- ↑ 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 Kungsholms kyrkoarkiv, Födelse- och dopböcker, SE/SSA/0011/C I/37 (1916), bildid: 00026626_00014, sida 10
- ↑ 4.0 4.1 Sune K. Bergström - Facts — Бунёди Нобел.
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.) / Hrsg.: Bibliographisches Institut & F. A. Brockhaus, Wissen Media Verlag
АдабиётВироиш
- Бергстрём Суне // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. |