Сӯҳроб Шарипов

Сӯҳроб Шарипов (Шарипов Сӯҳроб Ибронович; 18 апрели 1963, Душанбе19 январи 2015, ҳамон ҷо) — сиёсатшиноси тоҷик, доктори илмҳои сиёсӣ; директори Маркази тадқиқоти стратеги Тоҷикистон (2005-2011), вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон (2011-2015).

Сӯҳроб Шарипов
Шарипов Сӯҳроб Ибронович
Суҳроб Шарифов, соли 2012
Суҳроб Шарифов, соли 2012
парчам Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
декабри 2011 — 19 январи 2015
парчам Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон
2005 — декабри 2011
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Таваллуд 18 апрел 1963(1963-04-18)
Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, СССР
Даргузашт 19 январ 2015(2015-01-19) (51 сол)
Душанбе, Тоҷикистон
Ҳамсар Шаҳло Раҳимова
Ҳизб Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ номзади илмҳои фалсафа
доктори илмҳои сиёсатшиносӣ
Касб файласуф
Фаъолият фалсафа
Эътиқод ислом
Фаъолияти илмӣ
Фазои илмӣ сиёсатшиносӣ

ЗиндагиномаВироиш

Соли 1988 факултети фалсафаи МГУ ба номи М. В. Ломоносов хатм карда, баъдан то соли 1990 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фалсафаро таълим додааст. Соли 1993 аспирантураи  факултети фалсафаи МГУ ба номи М. В. Ломоносовро хатм карда, пасон (аз соли 1998) — корманди илмии ҳамон факултет мегардад.

  • 1998-2001 мудири шуъбаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ;
  • 2001-2003 муовини мудири шуъбаи иттилоотӣ-таҳлили Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ.

Соли 2006 директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ таъйин мешавад ва то соли 2011 дар ин вазифа фаъолият кардааст. Аз моҳи декабри соли 2011 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд. Аъзои Шӯрои коршиносони Созмони Ҳамкории Шанхай, ОДКБ, Шӯроҳои илмии Академияи САҲА (Бишкек) ва Шӯро оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадии илмҳои сиёсӣ буд.

ЭҷодиётВироиш

Муаллифи ду монография, бештар аз 300 мақолаи илмӣ-таҳлилӣ ва ширкаткунандаи бештар аз сад конфронсҳои байналмилалии илмию амалӣ мебошад.[1][2]

Мукофот ва ҷоизаҳоВироиш

Дорандаи медали ҷашнии «20- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст.

ЭзоҳВироиш

ПайвандҳоВироиш

СарчашмаВироиш