Табақтарошӣ (порсӣ: طبقتراشی ) – яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон, ки ба сохтани табақ, кафлезу қошуқ ва дигар зарфҳои чӯбӣ марбут аст. Устохонаҳои табақтарошӣ дар поёноби дарёчаҳо ё ҷӯйҳои кӯҳи сохта мешуданд. Аз таги устохона ҷӯйи об мегузашт ва дар он ба мисли осиёб чарх гузошта мешуд. Об бо суръати баланд аз новдон омада, чархро гардон мекард ва чарх тири дастгоҳро тоб медод. Тир ба тарзи амудӣ ҷойгир шуда, қисми болои он аз фарши чӯбин гузашта, дар миёнаҷойи дӯкон устувор шуда буд. Дар болои тир се адад мехи рӯболо кӯфта шуда буд, ки усто ба он ҷо чӯби коркарднашударо маҳкам мекард. Бо тоб хӯрдани чарх ва тир кундачӯби нотайёр низ тоб мехӯрд ва усто тавассути олоти корӣ ба табақтарошӣ шурӯъ менамуд. Усто табақи тайёршударо аз дастгоҳ кушода, бо сӯҳон соида, ҳамвор мекард ва ба он равғани зағир мемолид. Пас аз ҷабида гирифтани равған табақ намуд ва ҷилои махсус медод. Барои табақтарошӣ бештар чӯбҳои чормағз, зардолу, чинор, зарбед истифода мешаванд. Устоҳои Дарвоз чӯби дарахтеро интихоб мекарданд, ки дар он ҷойҳо шамол камтар вазад. Дарахтоне, ки дар дараҳо рӯидаанд, шамол онҳоро камтар ҷумбонидааст ва чӯби онҳо мулоим мебошад. Кундаҳои дарахтонро бурида дар оби ҳавзу обанборҳо ба муддати дароз, баъзан то 4-5 сол, нигоҳ медоштанд, то ки обро пурра ба худ кашида, дар вақти коркард девораҳои табақ ё ашёи дигар накафад. Кори устоҳо бештар дар фасли баҳору тобистон авҷ мегирифт, зеро дар ин фаслҳо оби ҷӯйборҳо зиёд гашта, барои гардонидани чархи дастгоҳ имконияти хубе буданд. Имрӯзҳо дастгоҳҳои табақтарошии обӣ аз байн рафта, ҷойи онҳоро дастгоҳҳои барқии харротӣ гирифтаанд.[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 58 - 60.