Талол ибни Абдуллоҳ

Талол ибни Абдуллоҳ ибни Ҳуссейн ибни Алӣ ( ар. طلال بن عبد الله بن الحسين بن عليфеврали - 7 июли 1972 ) — подшоҳи Урдун аз 5 сентябри 1951 то 11 августи 1952. Писари Абдуллоҳи I ибни Ҳуссейн бо сабабҳои саломатӣ ба фоидаи писараш Ҳуссейн ибни Талол аз тахт даст кашид, зеро ӯ аз бемории руҳӣ ранҷ мебурд.

Талол ибни Абдуллоҳ
ар. طلال بن عبد الله
Talal of Jordan.jpg
Coat of arms of Jordan.svg
Таваллуд 26 феврал 1909(1909-02-26)[1]
Даргузашт 7 июл 1972(1972-07-07) (63 сол) ё 8 июл 1972(1972-07-08)[2] (63 сол)
Мадфан
Ҷинс сулолаи Ҳошим[d]
Падар Абдуллоҳи I ибни Ҳуссейн
Модар Musbah bint Nasser[d]
Ҳамсар Zein al-Sharaf Talal[d]
Фарзандон Ҳуссейн ибни Талол, Prince Muhammad bin Talal of Jordan[d], Prince El Hassan bin Talal of Jordan[d] ва Princess Basma bint Talal of Jordan[d]
Таҳсилот
Эътиқод ислом
Ҷоизаҳо
Grand Cross of the Military Merit - White Badge Grand Order of the Hashimites Order of the Two Rivers Order of al-Hussein bin Ali Supreme Order of the Renaissance Order of the Star of Jordan
Рутба field marshal[d]
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

ЗиндагиномаВироиш

Талол 26 феврали соли 1909 дар ш. Макка Имперотурии Усмонӣ таваллуд шудааст. Падари ӯ аввалин подшоҳи Урдун буд ва пас аз марги ӯ қудрат дар кишвар ба писараш Талол гузашт. Талал дар Академияи ҳарбии шоҳии Бритониё Сандхурст таҳсил кардааст. Пас аз хатми академия дар соли 1929 дар полки савораи легионҳои араб хизмат кардааст.

Талол баъд аз кушта шудани падараш Абдуллоҳи I ибни Ҳуссейн дар Уршалим ба тахт нишаст. 20 июли соли 1951 шоҳ Абдуллоҳи I ва наберааш Ҳусейн барои адои намози ҷумъа дар масҷиди Ал-Ақсо ба Уршалим сафар карданд. Як террористи фаластинӣ Абдуллоҳи I -ро кушта ба сӯи Ҳусайн тир холӣ кард, аммо тир ба медал бар сари синаи шоҳзода бархӯрд ва ба ӯ осебе нарасонд. Ҳокимият ба дасти Талол гузашт, аммо ҳукмронии ӯ кӯтоҳ буд. Аз сабаби зуд-зуд гирифтор шудани беморӣ парлумони кишвар Талолро аз ваколатҳои подшоҳӣ маҳрум кард. Ҳусейни 16-сола ворис эълон шуд ва моҳи майи соли 1953 ба тахт нишаст [3] . Дар давраи ҳукмронии кутоҳи Талол Конститутсияи нави Урдун қабул карда шуд. Талол 7 июли соли 1972 дар Истамбул даргузашт ва дар оромгоҳи шоҳии Қасри Рагадан дар Аммон ба хок супурда шуд.

ФарзандонВироиш

Талол соҳиби чор писар ва ду духтар аст. Баъди марги ӯ вориси тахти шоҳӣ Ҳусейн ибни Талол (14 ноябри 1935 - 7 феврали 1999) гардидааст.

Рутбаҳои ҳарбӣВироиш

  • Фелдмаршали Артиши арабии Урдун (аз 20 июли 1951)

ЭзоҳВироиш