Толиббек Бухориев

Толиббек Бухориев - олим, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, академик, узви пайвастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Толиббек Бухориев
Толиббек Бухориев
Noimage.gif
Санаи таваллуд:

3 сентябри соли 1954

Зодгоҳ:

ноҳияи Ванҷ

Мамлакат:

Тоҷикистон

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии «Зироаткор», Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

доктори илми кишоварзӣ

Унвонҳои илмӣ:

профессор, академик

Алма-матер:

Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон

Маъруф ба:
    • Толиббек Бухориев

ЗиндагиномаВироиш

Толиббек Бухориев 3 сентябри соли 1954 дар деҳаи Ширговади ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Баъди гирифтани маълумоти миёна дар мактаби 1-и ноҳияи Ванҷ, соли 1973 ба факултаи агрономии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1978 онро бо ихтисоси агроном-олим хатм намудааст. Аз ҳамон сол ҷиддан фаъолияти меҳнатии ӯ ба сифати муаллими фанни асосҳои агрономӣ дар техникуми политехникӣ оғоз ёфтааст.

Солҳои 1980-1983 дар аспирантура таҳсил карда, соли 1985 рисолаи номзадиашро ҳимоя намуд. Солҳои 1983-1993 ба ҳайси ассистент, муаллими калон ва дотсенти растанипарварии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон кору фаъолият дошт. Соли 1994 бо пешниҳоди Шӯрои илмии донишгоҳ ба шӯъбаи докторантураи назди кафедраи растанипарварии Академияи хоҷагии қишлоқи ба номи К.А.Тимирязеви шаҳри Москва дохил шуд. Баъди дифои рисолаи докторӣ (1997), солҳои 1997-2001 мудири кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Солҳои 2001-2008 ба ҳайси директори генералии Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии «Зироаткор» фаъолият намудааст. Аз соли 2008 вазифаи масъулиятноки ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзиро ба ӯҳда дорад. Соли 2013 дар Интихоботи президентии Тоҷикистон, 2013 ҳамчун номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистон иштирок кардааст.

Фаъолияти илмӣВироиш

Олими соҳибтаҷриба ва соҳибравия Т.Бухориев муаллифи беш аз 100 мақолаҳои илмӣ, чандин рисолаю китобҳои дарсӣ мебошад. Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ шудааст. Алҳол ба ҳайси раиси Шӯро оид ба дифои рисолаҳои докторӣ дар назди Институти зироаткории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти илмии соҳа саҳмгузории бевосита дорад. (Аз китоби “Ванҷи ман”-и Ҳ. Пирумшоев).[1]

НигаредВироиш

ЭзоҳВироиш

Пайвандҳои берунаВироиш