Open main menu

Тӯрахон Аҳмадхонов (тав. 1 июни соли 1935, деҳаи Шаршар, Данғара, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр, коргардон ва драматург, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон.

Тӯрахон Аҳмадхонов
Санаи таваллуд:

1 июн 1935(1935-06-01) (84 сол)

Зодгоҳ:

деҳаи Шаршар, ноҳияи Данғара, ҶШС Тоҷикистон

Касб:

ҳунарпеша

Самт:

ҳунарпеша

Мукофотҳо:

Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон

ЗиндагиномаВироиш

Аҳмадхонов Тӯрахон соли 1935, дар деҳаи Шаршари ноҳияи Данғара ба дунё омадааст.Тӯрахон ҳунарпешаи театр, коргардон ва драматург, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон мебошад. Соли 1960 шуъбаи акёрии Институтити давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Маскав ва соли 1971 курси олии коргардонии Театри марказии тамошобини навраси шаҳри Маскавро хатм намудааст.

Фаъолияти корӣВироиш

Ҳунарпешаи Театри мазҳакаи мусиқии Хуҷанд ва Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1960–70), саркоргардони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон (1972–74).Аз соли 1975 коргардон ва ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

НақшҳоВироиш

Беҳтарин намоишномаҳои таҳиякардааш: «Ҷон модаракон»-и А. Қаҳҳор, «Эраҷ-паҳ­лавон»-и Ш. Қиёмов, «Баҳори понздаҳум»-и Зак ва Кузнетсов, «Бонги хатар»-и А. Атобоев, «Муаллими рақс»-и Лопе де Вега, «Шоҳ Лир»-и У. Шекспир, «Роҳзанҳо»-и Ф. Шиллер, «Бахтатро бедор кун»-и Н. Бақозода, «Қиёми Лоҳутӣ»-и А. Атобоев, «Ган­ҷи ранҷ», «Чаманзори ваҳдат».

ТеатрВироиш

Нақш­ҳои асосии бозидааш дар саҳнаи театр: Кайковус («Рустам ва Сӯҳроб»-и Ғайрат Абдулло, Турио («Ду веронагӣ)-и В. Шекспир, Куйбишев («Ҳуррият»-и Ғайрат Абдулло, Хоҷа («Хизматгори ду хоҷа»-и Голдонӣ, Искандар («Мур­даҳо»-и Урдубодӣ), Эраҷ («Эраҷ-паҳлавон»-и Ш. Қиёмов.

КинофилмҳоВироиш

Дар кинофилмҳои «Достони Сиёвуш» (1976), «Вохӯрӣ дар назди масҷиди куҳна» (1969), «Одам пӯсташро иваз мекунад» (1979), «Буду набуд» (2001, муаллифи филнома), силсилафилмҳои телевизионии «Муҳаббат» (2008), «Беҳуда хорам мекунӣ» (2009) нақшҳо бозидааст.

ОсорВироиш

Аҳмадхон муаллифи асарҳои драмавӣ ва намоишномаҳои афсонавии «Олами пурасрор» (1967), «Карим Девона» (1970), «Қиссаи муш ва гурба» (1972), «Ҷӯгидухтар» (1974), «Оилаи аскар» (1975), «Гилеми кабуд» (1979), «Мулки меросӣ» (1980), «Кафшҳои Абул­қосим» (1982), «Бе пир марав» (1984), «Сафар Амиршоев» (1985), «Баҳроми чӯбина» (1995), «Мастӣ-пастӣ» мебошад, ки дар театрҳои ҷумҳурӣ рӯйи саҳна омадаанд. Аз соли 1995 узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон.

МукофотВироиш

  • Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш