Умрибой Баҳриев (тав. 1 ноябри 1943, Панҷакент) — мутриб, ҳофиз, оҳангсоз ва актёри тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (2011).

Умрибой Баҳриев
Таърихи таваллуд 1 ноябр 1943(1943-11-01) (80 сол)
Зодгоҳ Панҷакент
Пеша(ҳо) мутриб, оҳангсоз, сароянда

Зиндагинома вироиш

Умрибой Баҳриев аз намояндагон ва меросбари анъанаи иҷроии ҳавзаи ҳунарии Зарафшон (Панҷакент) аст. Ҳунари навозандагию сарояндагиро назди донандагони мактаби иҷроии Самарқанду Панҷакент омӯхтааст. Солҳои 1959–61 мутриби (рубобнавоз) дастаи навозандагон, 1961–2000 роҳбари бахши мусиқӣ ва директори Театри халқии шаҳри Панҷакент буд. Аз с. 2000 роҳбари бадеии ансамбли мақомсароёни «Навои Панҷакент»-и шуъбаи фарҳанги ҳукумати шаҳри Панҷакент. Бо сабки классикӣ суруд мехонад, дар «Шашмақом» равиши хосси худро дорад.

Эҷодиёт вироиш

Умрибой Баҳриев зиёда аз 150 суруду мусиқӣ эҷод кардааст, ки 10-тои он дар равиши мусиқии классикии «Шашмақом» мебошад. Сурудҳои дар равияи «Шашмақом» эҷодкардаашро бо маҳорати баланд месарояд. Сурудҳои ӯ «Ҷоми дигар», «Хатчӯб», «Гулчини мақом», «Ушшоқи Панҷакент» ва ғ. назди дӯстдорони созу наво маъруфият касб кардаанд. Б. актёр ва коргардон низ мебошад. Дар саҳнаи Театри халқии шаҳри Панҷакент нақшҳои гуногун офаридааст: Соколов («Порча аз ҳаёт»-и С. Сафаров), Аловуддин («Фарёди ишқ»-и Ғанӣ Абдулло), шоҳ («Фолбин»-и А. Баҳорӣ) ва ғ. Б. як зумра сарояндагону мусиқидононро тарбия кардааст. Санъатшинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ А. Низомов, ҳунарпешагон А. Мастонов, О. Бобоев, С. Маъмурова, Нигина Амонқулова аз ҷумлаи онҳоанд.

Аз ширкаткунанда ва дорандаи ҷоизаҳои фестивалҳои умумииттифоқӣ (Кишинёв, 1974 ва Боку, 1977), Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав (1967), фестивал – озмунҳои ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Бӯстон – 1, 2, 3» ва «Андалеб» (1996, 2004, 2006) мебошад. Дар фестивал-озмуни «Андалеб – 2006» дастаи шаҳри Панҷакент бо роҳбарии Умрибой Баҳриев сазовори ҷоизаи олӣ – «Гран-При» гашт.[1]

Ҷоизаҳо вироиш

Бо медали «Хидмати шоиста», нишонҳои «Зарбдори меҳнат», «Меҳнати шоён», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Эзоҳ вироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 60-61. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)

Адабиёт вироиш