Файзулло Исматов

Файзулло Исматов (27 апрели 1902, Бухоро — 1962, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1939).

Файзулло Исматов
Таърихи таваллуд: 26 апрел 1902(1902-04-26)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт марг: 1962
Маҳалли даргузашт:
Касб: ҳунарпешаи театр
Ҷоизаҳо:

ЗиндагиномаВироиш

Аз овони ҷавонӣ дар театри ҳаваскорони назди клуби «Озуқачиён»- и зодгоҳаш ҳунар озмуда, соли ба Тоҷикистон омад ва дар Театри давлатии драмаи ба номи Лоҳутӣ ҳамчун актёр ба фаъолият пардохт, то соли 1960 ба саҳна содиқ монд, ҷиҳати ба по гузоштани аввалин театри касбии тоҷик талоши зиёд намуд. Бештар дар намоишномаҳои миллӣ, аз қабили «Ҳалима», «Ҳуҷум», «Шоҳнома», «Бой ва хидматгор», «Майсара», «Виҷдон», «Калтакдорони сурх», «Таҳмоси хуҷандӣ», «Водии бахт», «Мубориза», «Дохунда», «Марги судхӯр», «Ситора» нақш бозида, образи одамони оддиро хуб мекушод. Дар бисёр спектаклҳои классикону русу Аврупо низ ҳунараш ҷило додааст.

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.